Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиа дар Новосибирск боз тавқиф шуд



Мирзои Салимпур



Додгоҳи шаҳри Новосибирски Русия даври навбатии муҳокимаи парвандаи 9 донишҷуи русро, ки дар латукуби муҳоҷирони тоҷику узбак муттаҳам мешаванд, ба рузи 19 феврал мавқуф гузошт.

Ин гуруҳи ҷиноӣ ҷавонони аз 16 то 20-солаи русро зери шиорҳои миллатгароӣ гирд оварда буд. Онҳо дар пайи як ҳамла ба тоҷирони ғайрирус дар бозори Новосибирск боздошт шуданд. Дар ҷараёни он ҳамла аъзои ин гуруҳ аз ҷумла як муҳоҷирро 18 зарбаи корд задаанд, вале у бо ин ҳам захмҳои сангин аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд.

Ҳангоми боздошт аз манзили ин ҷавонон адабиёти ифротӣ, аз ҷумла китоби "Майн Кампф"-и Адолф Ҳитлер пайдо шудааст.

Вакилони мудофеъи онҳо акнун мегуянд, ки ин ҷавонон аз лиҳози равонӣ солим нестанд. Аммо ташхиси тиббӣ дируз эълом кард, ки ҳамаи нуҳ муттаҳам ба ҳангоми латукуби муҳоҷирон ақли солим доштааст.

Гонг.

XS
SM
MD
LG