Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов аз қатли Хуршеда ғамгин аст



Холидаи Қодир



Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи шаҳри Санкт Петербург барои пайдо кардан ва ба додгоҳ кашидани масъулони куштори духтари хурдсоли тоҷик -- Хуршеда Султонова тамоми чораҳои имконпазирро истифода мекунанд.

Раиси ҷумҳурӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Русия дастур додааст, ки ӯро аз ҷараёни тафтишот ҳамвора хабардор кунанд. Духтари нӯҳсолаи тоҷик шоми 9-уми феврал аз ҷониби як гурӯҳ скинҳед, ё худ фашистони навбаромади шаҳри Санкт-Петербург ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Ҳамлакунандагон падари Хуршеда -- Юсуф Султоновро низ захмӣ карданд. Раиси ҷумҳурӣ Раҳмонов дастур дод, ки ба хонаводаи Хуршеда дастгирии равонӣ ва моддӣ фароҳам сохта шавад. Ин куштор вокуниши васеъи матбуот ва расонаҳои хабарии Русияро ба бор овард, вале то ҳол мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи Санкт Петербург ҳеҷ касро дар ин робита боздошт накардаанд. Як рӯзномаи чопи Маскав навишт, ки агар полис мехост, боздошти масъулони ин куштор кори осон буд.

XS
SM
MD
LG