Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Свердловск 120 ҳазор тоҷик кор мекунад



Абдуқайюми Қайюмзод



Эдуард Россел - волии вилояти Свердловкс ва Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - дар мулоқоте, ки рузи панҷшанбеи 12 феврал дар Душанбе доир гардид, масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва инчунин мушкилоти муҳоҷирини кории Тоҷикистонро дар ин вилоят баррасӣ карданд.

Эдуард Россел - волии вилояти Свердловск бо ишора ба собиқаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин вилоят дар замони шуравии пешин гуфт, ки солона миёни Тоҷикистон ва Свердловск ҳудуди 75 миллион доллар табодули мол сурат мегирифтааст. Аммо ба думболи фурупошии шуравӣ ва канда шудани муносибот ин рақам ба маротиб коҳиш ёфтааст. Оқои Россел ҳамзамон афзуд, ки солҳои ахир ва махсусан дар соли гузашта, дар равобити иқтисодии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск пешравиҳо ба мушоҳида расидааст.

Эдуард Россел дар иртибот ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердловск гуфт, ки аз 200 ҳазор шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин вилоят кор мекунанд, 120 ҳазорашро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ва дар чандин дидору мулоқотҳое, ки вай бо муҳоҷирини тоҷик доштааст, онҳо аз шароити зиндагӣ ва фаъолияти худ дар ин вилоят изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Россел, муҳоҷирини тоҷик дар ин вилоят аз 10 то 15 ҳазор рубли русӣ моҳона дарёфт мекардаанд. Аммо гуфт оқои Россел, аз ин теъдоди бузурги муҳоҷирин танҳо 2 ҳазор нафар расман сабти ном шудааст ва ин дар навбати худ як мушкилотеро пешоруи мақомоти ин вилоят ба вуҷуд овардааст.

Бар итиллои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов аз волии вилояти Свердловск даъват кардааст, то корхона ва ширкатҳои ин вилоят дар раванди хусусигардонии корхонаҳои Тоҷикистон ширкат кунад. Эдуард Россел дар ин маврид гуфт, у аз талошҳои роҳбарияти ширкати РусАл ва махсусан раиси он Олег Дерипаска, ҷиҳати харидории Корхонаи алюминсозии тоҷик огаҳ аст. Дар сурати ба фуруш гузоштани ин корхона ширкати Суал яъне ширкати алюминсозии Урали вилояти Свердловск, ки солона 1 миллион тонна тавлидот дорад ҳатман ширкат хоҳад кард.

Вай афзуд: "Агар мо имкони ҳузурро дар ҷараёни хусусигардонии Корхонаи алюминсози тоҷик пайдо ва саҳмияҳои онро ба даст оварем, солона тавлидоти ин корхона аз 320 ҳазор тонна то 500 ҳазор тонна хоҳад расид."

Волии вилояти Свердловск ҳамчунин гуфт, дар сурати мусоид кардани шароит барои ҳамкорӣ онҳо омодаанд, дар Тоҷикистон дар марҳалаи аввал бунёди ду корхона яке корхонаи тавлиди таҷҳизоти табобатӣ ва ба ҳамин тавр як корхона тавлиди ҳисобкунакҳои барқиро маблағгузорӣ кунад.

Оқои Россел ҳамчунин гуфт, ки ба манзури таҳким ва густариши ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамчунин зери назорати пайваста қарор доштани муҳоҷири кории тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмонов хостори ифтитоҳи консулгарии Тоҷикистон дар ин вилоят шудааст.

XS
SM
MD
LG