Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдуард Россел ба Душанбе меояд



Мирзои Салимпур



Гузориш мешавад, ки волии вилояти Свердловск Эдуард Россел имруз, 12 феврал барои анҷоми як сафари кутоҳи якруза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Тибқи барнома, Эдуард Россел бояд дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва сарвазири он кишвар Оқил Оқилов дидор ва мулоқот кунад.

Дар ҷараёни ин сафар имзои як созишномаи фарогири ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ байни вилояти Свердловск ва давлати Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG