Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи пойгоҳи Русия боз баррасӣ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Як ҳайъати низомии Русия таҳти сарпарастии Алберт Дружинин, намояндаи вазорати дифоъи ин кишвар, дар шаҳри Душанбе бо ҳамтоёни тоҷики худ музокироти дуҷонибаро дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон оғоз кардааст.

Заробиддин Сироҷов - сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, дар ҷараёни ин музокирот масоили ҳамкориҳои низомии Русия ва Тоҷикистон бахусус бархе аз ҷузъиёти масъалаи ташкили пойгоҳи низомии Русия баррасӣ мешавад: "Дар ин гуфтушунидҳо масоили низомӣ ва низомӣ-техникии Тоҷикистону Русия, аз ҷумла масоили вобаста ба бунёд ва будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад."

Дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон на як бору ду бор коршиносони ҳарду кишвар музокирот доир кардаанд. Сироҷов афзуд, ҷузъиёти ин музокирот то кунун эълом нашудааст, вале изҳори умедворӣ кард, ки ҳайъатҳо баъди ташкили нишастҳои мухталиф дар ин замина дар Душанбе ба тавофуқи ниҳоӣ даст хоҳанд ёфт ва натоиҷи ин нишаст ба камиссиюни байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Масъалаи ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз соли 1999 матраҳ ва мавриди тасвиби парлумонҳои ҳарду кишвар қарор гирифта, аммо то кунун бо далоили мухталиф ин тасмим амалӣ намешавад. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин музокирот Ромил Нодиров - сардори ситод ва муовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG