Пайвандҳои дастрасӣ

Хуршедаи нуҳсола дар Петербург кушта шуд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Шаби 9 феврал дар шаҳри Санкт Петербурги Русия гуруҳе аз скинҳед ва ё сартарошидаҳо ба як оилаи муҳоҷирони тоҷик ҳамла карда, духтари нуҳсолаи ин оиларо ба қатл расонидаанд. Ба гуфтаи сухангуи Идораи марказии полиси Санкт-Петербург, Павел Раевский ҳодиса шоми Душанбе дар гузари Байсови ноҳияи Адмиралтейск рух дод.

Юсуф Султонов ҳамроҳ бо фарзандонаш дар гузари торик аз пушт ҳадафи ҳамлаи як гуруҳ наврасон қарор гирифт, ки бо корду занҷир мусаллаҳ будаанд. Ба гуфтаи пизишк, духтар то омадани мошини пизишк ҷон дод. Дар бадани духтарак 11 захми корд мушоҳида мешавад. Духтур мегуяд, писарак дар пайи зарба ба зери мошин парида аз марг наҷот ёфтааст. Падару писар аз сар захм бардоштаанд.

Додситони ноҳияи Адмиралтейск дар робита ба қатли ваҳшиёнаи духтари нуҳсолаи тоҷик бо қазияи куштор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Парвандаро иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев таҳти назорати худ гирифтааст. Полис ҳануз касеро боздошт накардааст. Понздаҳ нафар гумонбари боздоштшуда озод шудаанд.

Валентина Матвиенко губернатори Санкт-Петербург ба полис амр кардааст, ҷинояткоронро аз зери замин бошад ҳам пайдо ва додгоҳи ибрат пайдо намояд. Ба эътиқоди вай, ин ҷиноят ҳамсанги теракт дар метрои Маскав аст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ҳамла ба атбои Тоҷикистон ва кушта шудани духтари 9-сола дар Санкт-Петербург аз мақомоти Русия хостори бозрасии қазия ва муҷозоти гунаҳкорон шуд.

Муҳаммади Эгамзод - сухангуи сафорат ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав гуфт: "Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди ҳодисаи хунин дар Санкт-Петербург изҳор медорад, ки гунаҳкорони куштори духтараки нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова бояд, ки ҳатман пайдо ва ба ҷазо кашида шаванд. Ин ҳодисаи ғамангез дар Русия ва Тоҷикистон вокуниши зиёде ба амал овард. Вақтҳои ахир гуфта мешавад, дар баёнияи сардори раёсати иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Игор Сатторов, ҳаводиси ҳамлаи ногаҳонии гуруҳҳои ҷиноятпеша ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар манотиқи алоҳидаи Русия зиёд ба мушоҳида мерасанд. Ин гуна ҳодисаҳо моро ба ташвиш меоранд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори боварӣ дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербург ва дар маҷмуъ Русия гиреҳи ин ҳодисаи кушторро ба зудӣ мекушоянд ва ҷинояткорон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд."

Ёдоварӣ мешавад, бори аввал нест, ки наврасони питерӣ ба зодагони Осиёи Миёна ва Қафқоз ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG