Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 3 маврид 12 кило ҳероин гирифтаанд



Мирзои Салимпур



Мақомоти милисаи Тоҷикистон тайи як рузи гузашта дар се маврид тақрибан 12 кило ҳероин ёфт ва мусодира карданд.

Дар шаҳри Душанбе ба ҳангоми фуруш аз як нафар 4 кило ҳероин ва аз як тани дигар 7 кило аз ин навъи муассири маводи мухаддир пайдо шудааст. 800 грамм ҳероини дигарро дар як ноҳияи ҷануби кишвар боздошт кардаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо кушиши мақомоти интизомии ин кишвар ва гуруҳи марзбонии Русия, мустақар дар марз бо Афғонистон, беш аз 200 кило анвоъи мухталифи маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG