Пайвандҳои дастрасӣ

Минаҳои вазорати дифоъро нобуд карданд



Абдуқайюми Қайюмзод



Маркази миллии минарубии Тоҷикистон беш аз сесад минаи зидди нафарро аз захоири вазорати дифоъи ин кишвар нобуд кардааст. Питер Айзекс - мушовири аршади фаннии раиси Маркази миллии минарубии Тоҷикистон ва ҳамзамон намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар ин марказ рузи сешанбе, 10 феврал, дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти безарар ва хунсосозии минаҳои зиддиафроди вазорати дифоъ тайи ду рузи ахир дар минтақаи Лоҳур - чиҳил километрии шарқи Душанбе сурат гирифт.

Оқои Айзекс афзуд: "Имруз як қисме аз минаҳои зидди нафар аз захираи вазорати Тоҷикистон, ки бар асоси Конвенсиюни байналмилали Оттава тавлид, нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо мамнуъ эълом шудааст, нобуд карда шуд. Бар асоси муқаррароти Конвесиюни Оттава то моҳи апрел куллия захоири чунин минаҳо бояд нобуд шаванд ва аз ин ру ин раванд то чанд муддати дигар идома хоҳад дошт."

Ва аммо Питер Айзек, мушовири раиси Маркази миллии минарубии Тоҷикистон дар робита ба мавҷудияти минаҳои зидди нафар дар манотиқи дигари Тоҷикистон ва махсусан манотиқи шарқи кишвар, ки дар чанд соли пеш майдони набарди размандагони Иттиҳоди мухолифини пешин ва ниеуҳои ҳукуматӣ буд ва ҳамчунин марзҳои ин кишвар бо Узбакистони ҳамсоя гуфт, ҳоло ду гуруҳи коршиносону мутахассисони ин марказ фаъолиятҳои омузиширо дар ин манотиқ идома медиҳанд.

Оқои Айзекс афзуд, ки тибқи маълумоти коршиносони ин марказ ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон тахминан 12 ҳазор чунин минаҳо дар имтидоди 2 ҳазор километр маҳвношуда боқӣ мондааст. Ва барои маҳви ин миқдори мин 13 миллион доллар зарур аст.

XS
SM
MD
LG