Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо кумакҳояшро кам мекунад



Тоҳири Сафар



Муассисаи имдодии Иттиҳодияи Аврупо бо беҳтар шудани шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон барномаҳои хайрияи худро дар ин кишвар ба оҳистагӣ коҳиш хоҳад дод. Азамат Ҳасанов, намояндаи ин муассиса, рузи 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи башарӣ дар Тоҷикистон ба тадриҷ беҳтар мешавад ва аз ин хотир барномаҳои хайрияи онҳо низ бо назардошти шароит кам карда хоҳанд шуд.

Муассисаи имдодии Иттиҳодияи Аврупо яке аз бузургтарин донорҳои Тоҷикистон аст, ки дар ниҳоят ин ҷоро тарк мекунад, вале ин корро ба якборагӣ нахоҳад кард, зеро дар Тоҷикистон мардуми зиёди фақире ҳаст, ки ба кумакҳои башардустона ниёзманданд. Азамат Ҳасанов мегуяд: "Барои он ки мардуми ниёзманд норасоиро эҳсос накунанд, мо фаъолияти худро ба тадриҷ кам хоҳем кард. Тайи ду се соли оянда ба оҳистагӣ фаъолиятамонро коҳиш хоҳем дод, то қишрҳои осебпазири аҳолӣ, азоб накашанд."

Муассисаҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор мегуянд, Тоҷикистон акнун ба кумакҳое бештар ниёз дорад, ки ба рушди тадриҷии кишвар мусоидат кунанд, то ба кумакҳои хайрия.

Тибқи омори Бонки Ҷаҳонӣ, 83 фоизи аҳолии қариб шашуниммилионаи Тоҷикистон камбизоат ва 17 дар сади онҳо комилан фақиру бенаво ҳастанд. Ва ин кишвари фақир аз соли 1992 инҷониб аз муассисаи хайрияи Иттиҳодияи Аврупо дар ҳаҷми 145 миллион доллар кумаки башарӣ гирифтааст. Соли 2003 ин муассиса барои Тоҷикистон 10 миллион евро ҷудо кард, ки барои татбиқи барномаҳои хайрияи созмон то нимаи соли 2004 масраф мешавад.

Азамат Ҳасанов мегуяд, дастраскунандагони асосии кумакҳои хайрия асосан ба қишрҳои фақиру мискини аҳолӣ мебошанд: "Инҳо асосан қишрҳои осебпазиртарини ҷомеа мебошанд. Оилаҳои фақир, нафақахурон, оилаҳои бесаробон, ятимон ва умуман онҳое мебошанд, ки бе кумакҳои башарӣ зиндагии худро таъмин карда наметавонад. Шумораи ин гуна афрод дар кишвар тақрибан 400 ҳазор нафар аст."

Барномаҳои созмон одатан дар навоҳии куҳӣ ва бахусус дар вилояти Хатлон раҳандозӣ мешавад, ки то кунун меваҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ ва хушксолиҳои охирро мечашад. Ҳадафи барномаҳои дигари муассисаи имдодии Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон беҳтар кардани шароити санитарӣ ва таъмин намудани 250 ҳазор нафар бо оби поки ошомиданӣ аст. Инчунин созмони мазкур барои бемористонҳои заъифи Тоҷикистон доруворӣ ва маводи беҳдоштӣ тақсим мекунад.

Барномаи дигари созмон, ки соли гузашта барои он 3 миллион евро ҷудо шуда буд, барои ҷилавгирӣ аз таъсири офатҳои табиӣ ба мардум, ки дар Тоҷикистон бисёр рух медиҳанд, пешбинӣ шудааст. Азамат Ҳасанов гуфт, муассисаи хайрияи Иттиҳодияи Аврупо ният дорад, соли равон 8 миллион еврои дигар барои татбиқи барномаҳояш дар Тоҷикистон ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG