Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши Маскав ду тоҷик захмӣ шудааст



Мирзои Салимпур



Сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, дар байни осебдидагони таркиши метрои шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст.

Оқои Эгамзод ин ду осебдидаро Шарофат Назаршоеваи 25-сола, зодаи вилояти Бадахшон ва Сандила Солеҳоваи 42-сола, сокини вилояти Суғд муаррифӣ намуд ва гуфт, ҷароҳатҳои онҳо чандон вахим нест ва онҳо феълан дар бемористони Пажуҳишгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Маскав ба номи Склифосовский табобат мегиранд.

Аммо у афзуд, ки феълан гуфта наметавонад, ки оё дар байни кушташудаҳо дар асари он таркиш низ шаҳрвандони тоҷик будаанд ё хайр.

XS
SM
MD
LG