Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти донорҳо дар Лондон оғоз мешавад



Мирзои Салимпур



Имруз дар шаҳри Лондон пойтахти Бритониё конфаронси машваративу фосилавии созмонҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои кумакрасони Тоҷикистон оғоз ба кор мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон мегуяд, ҳадафи аслӣ аз ин ҳамоиш ва аз ширкати ҳайъати Душанбе дар он таҳрик додани донорҳо ба суи иҷрои тааҳҳудотест, ки дар анҷумани моҳи майи соли гузашта дар дараи Варзоб ба ҳукумати ин кишвар дода буданд. Сухан дар бораи 900 милён доллар қарзу кумакҳои боимтиёз бо шумули 200 милён доллар ёриҳои билоивазест, ки Душанбе тайи ин мулоқот ба даст оварда буд.

Файзуллоҳ Холбобоев, мушовири аршади раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳафтаи гузашта дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, нишасти Лондон барои натиҷагирӣ аз ҷараёни ироаи кумакҳо ба Тоҷикистон ва ҳам як навъ кушиши навбатии фишор ба кумакрасонҳои барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон ба хотири иҷрои тааҳҳудоти пешини онҳост.

XS
SM
MD
LG