Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма дар Бадахшон се кушта барҷой гузошт



Мирзои Салимпур



Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли мақомоти ҳолоти изтирории вилояти Бадахшон хабар дод, ки дар асари лағзиши тарма дар минтақаи Тишори ин вилоят 3 нафар ба ҳалокат расидааст. Аҷсоди онҳо аммо то ҳол ёфт ва аз зери тарма берун кашида нашудааст.

Ожонсии ИТАР-ТАСС мегуяд, барфрезиҳои шадид иртиботи нақлиётӣ байни маркази вилоят, шаҳри Хоруғ ва навоҳии Бадахшонро низ қатъ кардааст. Қабати барф дар бархе манотиқ ба ним метр мерасад ва он ҳам дар ҳоле, ки бино бар пешгуии обуҳавошиносон, барфрезӣ ду-се рузи дигар боз идома хоҳад кард.

Лағжидани фалокатбори тарма дар Бадахшон дар соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки мушоҳида мешавад. Авоили моҳи январ кучидани тарма дар Бадахшон мунҷар ба ҳалокати 5 нафари дигар шуда буд.

XS
SM
MD
LG