Пайвандҳои дастрасӣ

Фёдоров: Дар Душанбе намояндагӣ боз мекунем



Салими Аюбзод



Муовини раиси ситод дар вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, кишвараш нақша доранд, бахшҳои минтақавии кумитаи назорат ба маводи мухаддирро дар Тоҷикистон ва Афғонистон боз кунад. Александр Фёдоров афзуд, бо ин роҳ Русия мехоҳад, муборизаро бо қочоқи ин мавод ба қаламрави худ густариш диҳад.

Тоҷикистон ва Афғонистон, гуфт Фёдоров, ду кишваре ҳастанд, дорои бадтарин вазъият дар робита бо маводи мухаддир. Ин вазъ хатарнок аст, гуфт у ва илова кард, зиёда аз 90 дарсади ҳероине, ки ба Русия меояд, аз Афғонистон ибтидо гирифта, ба воситаи Тоҷикистон мегузарад.

Аз нигоҳи ин амалдори Русия, қочоқи ҳероин ва афюн баъд аз ду соли барканории режими толибҳо ба маротиб афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон борҳо пешниҳод кардааст, ки барои бунёди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон эътилофи ҷаҳонии зидди маводи мухаддир таъсис ёбад. Бахши аъзами марзи Афғонистон ва Тоҷикистон дар зери назорати хадамоти амнияти Русия қарор дорад.

XS
SM
MD
LG