Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар миёни обу оташ, аз миёни обу оташ



Раҳматкарими Давлат

Саид Абдуллоҳи Нурӣ мегуяд, ҲНИ аз як суи бо фишори давлат ва аз суи дигар бо Ҳизб-ут-Таҳрир дастбагиребон аст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИ) бо ишора ба боздошти аъзои ин ҳизб, ки ахиран дар чанд маврид сурат гирифтааст, мегуяд, маҳдуд кардани фаъолияти ин ҳизб ва таъқибу фишор болои аъзои он боиси афзудани шумори ҷонибдорони Ҳизби мамнуъшудаи мазҳабии Таҳрир хоҳад шуд. Оқои Нурӣ мегуяд, вақте озодиҳои фаъолият дар чаҳорчуби ҳизби расмӣ салб мешавад ва ашхос бо усулҳои маъмулӣ ва машруъ аҳдофи худро наметавонанд амалӣ кунанд, водор мешаванд ба ташкилотҳои пинҳонӣ ру биоранд.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ афзуд: "Баланд шудани имиҷ ва обруи ин ҳизб, аз нигоҳи ман, вобастагӣ дорад ба паст рафтани имиҷи ҲНИ. Ин пастрафтанҳо сунъӣ аст. Аз ҷумла, боздошти муовини раиси ҲНИ ва ҳамчунин муттаҳам сохтани мавлавӣ Абдулқосим. Ин боиси он мешавад, ки мардоне, ки мехоҳанд дар як ҳизби сиёсии динӣ амал кунанд, мегуянд, ки на, ҲНИ-ро давлат иҷозати фаъолият намедиҳад, пас чаро мо дар ин ҳизб бошем? Бигзор пинҳонӣ кор кунем ва озод ҳам бошем дар андешаҳои худ, на пойбанди ин қонуну он қонун. Яъне обруи Ҳизб-ут-Таҳрир, ки ҳоло зиёд шуда истодааст ва вирди забони ҳама аст, ба хотири ҳамин аст, ки мегиранду зиндон мекунанд. Ба зиндон кардани масъала аслан ҳалл намешавад."

Дар ҳамин ҳол, коршиноси тоҷик доктор Исмоил Раҳматов, ки дар як ҳафтаи пеш дар конфронси байналмилалие таҳти номи "Бунёдгарории мазҳабӣ ва тероризм" дар Деҳлии Нав суханронӣ кардааст, мегуяд, бидуни шакк маҳдуд шудани фаъолиятҳои расмӣ боиси он мешавад, ки афрод барои расидан ба ҳадафашон роҳҳои дигареро интихоб кунанд. У мегуяд, қабл аз ҳама ҳукуматҳои минтақа бояд ба маҳор кардани фаъолиятҳои тундгароӣ ва ифротгароии мазҳабӣ манфиатдор бошанд ва дар ин замина барномаҳои амали мушаххас ва амиқеро руи даст дошта бошанд.

Аммо бозтар кардани роҳи фаъолияти як ташкаккули мазҳабии сиёсӣ ба ҷойи заъиф шудани яке дигар чӣ пайомади дигаре низ метавонад дошта бошад? Исмоил Раҳматов, коршиноси тоҷик мегуяд, нируҳои тундгаро дар шароити феълӣ таҳти таъсири таблиғоти мубориза бо ифротгароӣ ва тероризм танҳо каме ранги ҷомаи худро дигар кардаанд, вале ҳамчунон фурсат мепоянд. Оқои Раҳматов ҳамчунин гуфт: "Натанҳо ҳизби исломӣ, балки ҳамаи аҳзобе, ки дар оппозитсия ҳастанд, агар фаъолияти онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ маҳдуд шавад, онҳо маҷбур мешавад аз роҳҳои дигар ба муборизаи худ идома диҳанд. Ин як чизи маълум аст. Дар тамоми дунё мубориза алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва терроризми байналмилалӣ идома дорад. Ва нируҳое, ки тарафдори чунин фаъолиятҳоянд, низ кушиш мекунанд, ки аз ин мавқеъи тунд ақиб нишинанд, вале ин кори онҳо амре муваққат аст."

Аммо раиси ҲНИ ба ин бовар аст, ки танҳо озод гузоштани фаъолияти аъзои ин ҳизб ва даст бардоштани ҳукумат аз таъқиби намояндагони он метавонад мушкили муқобила бо Ҳизби Таҳрирро ҳалл ва фаъолияти онро маҳор кунад: " Шумо биёед, он ҳаққу ҳуқуқе, ки барои ҲНИ ҳамчун як ҳизби динӣ дода шудааст, маҳдуд насозед, фишор наоред, бидуни гуноҳ одамонро зиндон накунед, бубинед, ки Ҳизб-ут-Таҳрир худ аз худ ҳалл мешавад дар дохили ҳизби наҳзати исломӣ."

Вале ҷомиашинос Ғайюр Қаҳҳоров ба ҳар ду назари фавқуззкир мухолиф аст. У мегуяд, ниру гирифтани ҳар гуна ташаккулҳои сиёсии мазҳабӣ ва густариши равандҳои мазҳабхоҳии сиёсӣ дар шароити феълӣ ба наъфи пешрафти авзои ҷомеъа нест: "Ҳар навъ аҳзоби сиёсӣ дар шароити тезутундии масоили сиёсӣ дар шароити Тоҷикистон хатар доранд. Ин ҳизбҳо бояд дар чунин шароит муътадилии сиёсии худро аз даст надиҳанду нигоҳ доранд, вагарна шароити тоҷикистон бадтар хоҳад шуд, на беҳтар."

Фаъол шудани ташакуллҳои сиёсӣ ва мазҳабхоҳии сиёсӣ ба назари коршиносони тоҷик дар ҳар шакле ҷойи нигаронӣ дорад. Исмоил Раҳмтов мегуяд, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя назири Эрон, Покистон ва Афғонистон қудрат гирифтани нируҳои мазҳабиву сиёсӣ дар Тоҷикистон низ ҷомеъаро дар роҳи тараққӣ савқ нахоҳад дод: " Ин як қадам не, чанд қадам ба ақиб аст. Дар Эрон онҳо кушиш ва таҷриба карданд, вале ба муваффақияти чандоне соҳиб нашуданд. Дуруст аст, ки ислом бояд озод бошад, вале якҷо кардани дину давлат, мо дида истодаем, ки барои пешрафти ҷомиа фоида намеорад."

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон вале ҳамчунон умедвор аст, ки билохира давлат барои фаъолияти ҳизбаш шароити мусоидтаре фароҳам хоҳад кард ва мегуяд, ба номи раисиҷумҳур номае фиристода ва хостори мудохилаи мустақими Эмомалӣ Раҳмонов дар қазияи маҳкумияти аъзои аршади ҳизбаш шудааст. Аммо афзуд оқои Нурӣ, у то кунун вокуниши раисиҷумҳурро дар ин робита дарёфт накардааст.

XS
SM
MD
LG