Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обанбори Чубак боз хатарзо эълон шуд



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Дар се ноҳияи вилояти Хатлон - Маскав, Фархор ва Восеъ вазъи фавқулодда эълон шудааст. Масъулини вазорати вазъи изтирории Тоҷикистон мегуянд, дар ин минтақа хатари канда шудани обанбори Чубак ва зери об мондани 2000 хоҷагии навоҳӣ ҷой дорад.

Дар мавзеъи Чубак ситоди вазорати изтирорӣ бо сарварии вазири ҳолоти фавқулоддаи кишвар генерал Мирзо Зиёев фаъолият дорад. Беш аз 500 тан аз афсарону кормандони ин вазорат ба корҳои соҳилбандӣ сафарбар шудаанд. Барои харидорӣ ва ҳамлу нақли сементу сангу рег ва сузишворӣ ҳукумати марказӣ 4 500 000 сомонӣ ҷудо кардааст.

Сироҷиддин Муллоев, сардори раёсати вазорати ҳолатҳои фақулоддаи кишвар мегуяд: "2000 хоҷагӣ дар ҳамин ноҳияҳо ҳангоми баланд шудани оби обанбор зарар мебинанд. Бо супориши сарвари давлат ва ҳукумат ба минтақаи Чубаки ноҳияи Маскав қувваҳои мо ва он имкониятҳое, ки дар мо ҳастанд, сафарбар карда шудаанд, то ин ки таъсири ҷараёни об ба ин ноҳияҳо камтар бирасад."

Обанбори Чубак қариб ҳамасола канда шуда, навоҳии акнофро хароб мекунад. Коршиносон мегуянд, як сабаби чунин ҳол дар мавзеъи зери назорати марзбонони рус қарор доштани замини обанбор аст, зеро мутахассисин имкони пайваста назорат кардани сатҳи оби онро дар ихтиёр надоранд.

Полковник Муллоев мегуяд, ҷониби Точикистон феълан бо иҷозаи афсарони рус вориди мавзеъи хатархзо шудааст: "Дар масъалаи гирифтани иҷозат ё рухсати ворид шудан ба ин минтақа албатта мувофақа шудааст, бо он ташкилоту вазорату кумитаҳое, ки ба ин масъала вобастаанд. Ва онҳо албатта баъд аз мувофақа шудани кор вориди ин минтақа шудаанд."

Авоили баҳори соли 2003 обанбори Чубак канда шуда, ба навоҳии акноф зарари чашмрас расонида буд. Дар маҷмуъ, дар соли гузашта,офатҳои табиӣ ба вилояти Хатлон ҳудуди 19 700 000 сомонӣ зиён оварданд.

XS
SM
MD
LG