Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

400 кас дар Кулоб ҷойи кору маоши хуб ёфт



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



20 тан аз ронандагони мошинҳои КАМАЗ дар минтақаи Кулоб соҳиби ҷои кор ва маъоши баланд, ҳудудан баробар ба 700 - 800 доллари амрикоӣ шуданд. Беш аз 400 нафари дигар бо маъоши баробар ба 400-500 сомонӣ низ дар ширкати туркии "Аяк Иншаат" дар сохтмони минтақаи 38-километрии Шкеф- Зиғарви роҳи Кулоб -Қулма ба кор пардохтаанд.

Ҳасан Бекаруғлӣ, як тан аз масъулини ширкат дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кулоб гуфт, "Аяк иншаат" дар ин минтақаи мушкили сохтмонӣ 7 пули хурду бузург ба тули аз 20 то 70 метр бунёд мекунад.

Тибқи иттилоъи ҷаноби Бекаруғлӣ, маъоши ҳадди ақалли коргарон дар мавзеъ аз 300 сомонӣ беш аст. Ва аммо музди ронандагони машинаҳои шахсӣ, ки сохтмонро бо муму хок ва семент таъмин мекунанд, хеле баландтар будааст. Ҳар ронанда барои як хатти сайр ба минтақаи Шкев-Зеғар 760 сомонӣ, баробар ба 220 доллари амрикоӣ маъош мегирад.

XS
SM
MD
LG