Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуоти Душанбе хашми Пешковро барангехт



Абдуқайюми Қайюмзод



Сафири Русия дар Тоҷикистон интишори чанд матлаб дар нашрияҳои даврии Душанберо муғризона ва тавҳиномез ба шаъни давлаташ эълом кард. Максим Пешков, ки дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, ин нишасти хабарӣ маҳз ба хотири посух гуфтан ба муаллифони мақолаҳои "Рузи сиёҳи милат" дар нашрияи "Рузи нав" ва "Канда шудани ақди никоҳи Русия ва Тоҷикистон" дар рузномаи русизабони "Азия плюс" созмон дода шудааст. У гуфт, вақтҳои ахир дар матбуоти даврии Тоҷикистон мақолаҳои фармоишие ба нашр мерасад, ки ба таври ошкоро алайҳи Русия нигаронда шудаанд.

Оқои Пешков афзуд: "Касе бо номи Турко Дикаев, ки хабарнигори "Азия Плюс" дар минтақаи Кулоб аст, як мақолаи тавҳиномез ва пур аз дуруғ дар иртибот ба хидмати сарбозони Русия дар Тоҷикистон навиштааст, ки онро аз тарс на дар матбуоти дохилӣ, балки дар васоити электронии ахбор интишор додааст. Беш аз навад дар сади далелҳои ин навишта ба воқеият мувофиқат намекунад."

Ва аммо Максим Пешков дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди ба дарозо кашидани ҷараёни табдили фирқаи 201-и Русия ба пойгоҳи низомӣ гуфт, музокироти ҳарду кишвари Тоҷикистону Русия дар ин замина идома дорад ва ин масъала дар соли равон ҳалли ниҳоии худро пайдо хоҳад кард. Дар идомаи суҳбати худ оқои Пешков иддаоҳои бархе аз муаллифони ин матолибро, ки мегуянд, Русия бо истифода аз нооромии авзоъи Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳаққе аз мероси ҳарбии шуравии пешин барои ин кишвар қоил нашудааст, беасос хонд: "Ҳама афзори ҷангӣ ба шумули силоҳу муҳимот, техника ва мошинаҳои ҷангӣ, ки ҳоло мавриди истифодаи сарбозони фирқаи 201 ва нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, куллан моликияти хоси Тоҷикистон мебошад.

Сафири Русия зимни посухгуӣ ба суолҳои хабарнигорон хеле орому ба тамкин ҳарф мезад, аммо аз лаҳни гуфтораш ранҷиши у аз матолиби чопшуда пинҳон намонда буд: "Шумо набояд ин нуктаро, ки Русия пас аз ҳукумати Тоҷикистон дуввумин таъминкунандаи ҷой корӣ барои шаҳрвандони ин кишвар мебошад, сарфи назар кунед. Ва маблағе, ки муҳоҷирини кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти кадом навъи молиёт ва мустақим ба ҷайби истеъмолкунанда ворид мекунанд солона то 700 милион долларро ташкил медиҳад. Ин маблағ дуввуним баробари буҷҷаи давлати Тоҷикистон мебошад."

Сафири Русия бо ишора бо нашри ахбори ба такрор дар мавриди кумакҳои кишварҳои ғарбӣ ва аз ҷумла Иёлоти Мутаҳида ба Тоҷикистон афзуд: "Агар аз ин зовия ба масъала назар афканем, ки гӯё Русия ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ накардааст ва кишварҳои ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳида чунин ваъдаҳое кардаанд, бале дар ҳақиқат чунин ваъдаҳо бисёранд. Вале агар ба арқоми воқеъӣ ру оварем, мебинем, ки дар самти сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон Русия дар ҷойи аввал меистад."

Максим Пешков мақолаи "Рузи нав"-ро таҳти номи "Рузи сиёҳи миллат" як беодобӣ донист ва гуфт, дар ин мақола номи як теъдод тоҷиконе, ки дар Русия фавт кардаанд, оварда шудааст ва таъкиди муаллиф, ки ин ашхос гуё кушта шуда бошанд ва гуё дар Русия алайҳи тоҷикон генотсид ҷараён дорад, асосе надорад. Аксари кулли ин ашхос дар Русия бо марги табиийи худ фавтидаанд. Теъдоди тоҷикони фавтида дар Русия шояд аз ин ҳам афзунтар бошад, вале марг ҷову маконро суроғ намекунад. Ва аз ҳодисаи марги табиӣ ҳангома барангехтан танҳо ба хотири ғараз ва халал ворид кардан дар муносиботи ду кишвар мебошад, гуфт дипломати рус.

XS
SM
MD
LG