Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов ва Карлос Паскуал мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Карлос Паскуал - ҳамоҳангсози барномаҳои кумаки Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳои Аврупо ва Осиё - баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рузи чоршанбе гуфт, зимни дидораш Эмомалӣ Раҳмонов маҷмуъи масоили бисёр муҳимеро, ки дар пешоруи Тоҷикистон дар шароити давраи гузариш қарор дорад, баррасӣ кардаанд. Оқои Паскуал гуфт: "Мо масъалаи марбут ба ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷоратро, ки тавассути он Тоҷикистон метавонад, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонии иқтисодӣ шавад, баррасӣ кардем."

Оқои Паскуал афзуд, бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти заминдорӣ низ суҳбат кардааст ва ин соҳаест, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад, ба Тоҷикистон кумак кунад: "Мо ҳамчунин дар бораи кумак ба соҳаи ислоҳоти қонунгузории андоз дар Тоҷикистон суҳбат кардем. Зеро дар сурати мукаммалгардонии қонунгузории вобаста ба андоз имкони афзоиши кумакрасониҳои мустақим ба қишри ниёзманди аҳолӣ бештар мешавад."

Карлос Паскуал гуфт, дар ин мулоқот ба Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин масъалаи ҳамкориҳои минтақавиро, ки ба густариши муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат мекунад, баррасӣ кардем: "Ба назари мо марзҳои боз ба ривоҷи муносиботи тиҷоратӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва дар маҷмуъ ба рушди тамоми минтақа муоидат мекунад."

Оқои Паскуал афзуд, баъд аз Душанбе ба Тошканд хоҳад рафт ва ин масъаларо бо мақомоти Узбакистон низ дар миён хоҳад гузошт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли гузашта ҳудуди 100 миллион доллар кумаки башардустона дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст. Ин маблағ ба манзури амалӣ шудани барномаҳои ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодӣ, маориф ва беҳдоштӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра ҳазина шудааст.

XS
SM
MD
LG