Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалби занон ба қочоқи маводи мухаддир



Мирзонабии Холиқзод

Бахши нави вижагуфтори "Тоҷикистон сангари мубориза бо маводи мухаддир"

Кашфи якуним кило ҳероин аз бадани як зани тоҷик ва кудаки дусолаи у дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав, ки аз тариқи барномаи "Вести"-и телевизиони Русия дар авоили ҳамин ҳафта пахш шуд, тааҷҷуб ва шигифту надомати мардумро нисбати ин падидаи номатлуб, ба ин маъно, ки аз ширхора то солхурдаи тоҷик ночор ба як мошини ҳамли ҳероин бадал шудааст, дучанд намуд.

Кормандони пулиси фурудгоҳи Домодедово аз кафши кудаки ширхораи тоҷик, ки дар оғуши модараш бехабар ва ҳайратзада ба чеҳраҳои пулиси Русия нигоҳ мекард, наздик ба 800 грам ҳероин кашф намуданд. Хабарнигори ин барнома шарҳ медод, ки аз дохили пошнаи кафши кудак, ки хеле бузург буд ва шубҳанок ба назар мерасид, маводи мухаддир ёфт шуд.

Бино ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тақрибан ҳар ҳафта дар хатти сайри Душанбе - Маскав ва Хуҷанд - Маскав занону духтароне дастгир мешаванд, ки бо истифода аз роҳҳои махфии ба худ хос, бо пинҳон кардани ҳабҳои ҳероин дар аъзои бадан ва бо фуру бурдани капсулаҳои ҳомили ҳероин, қасди интиқоли маводи мухаддир мекунанд.

Омилҳое аслие ки дар 8 соли ахир занони тоҷикро ба ин амал кашонидааст, кадоманд? Сураё, номи шартии як зани 25 солаи тоҷик аст, ки дар ивази ҳамлу нақли ҳероин дар аъзои бадан аз Душанбе ба Маскав, соҳиби хона шудааст. Бардошти вай аз ин амал чандон хуб нест, вай худро аз ҷумлаи ҳазорҳо занону духтарони тоҷик меҳисобад, ки аз як су зиндагии тоқатфарсои хонаводааш, аз суи дигар фиреби афроди қочоқбар ба масири қочоқи ҳероин кашонидааст.

Сураё ба доми қочоқчиёни ҳероин афтоданашро чунин шарҳ медиҳад: "Дар бозори Саховат, ки мешиштам, дар як руз як сомонӣ меёфтам, баъзе рузҳо ҳеҷ чиз намеёфтам, чор фарзанд дорам, ки хурондану пушонидани онҳо ниҳоят мушкилӣ мекунад ба ман. Шавҳарам бошад дар Русия аст ва кораш низ хуб нест, пул рои намекунад. Як руз як зан пешам омад, гуфт, ки мешинӣ ҳамин ҷо ҳамин хел пули кам қатӣ зиндагӣ карда, биё ман барои ту як кори дигар меёбам, зиндагиат хуб мешавад. Аз ҳамон хобгоҳҳои ифлос халос мешавӣ, якхонагӣ харида метавонӣ. Яку якбора 500 доллар, ки ваъда кард, зуд розӣ шудам, ҳарчанд ки дар телевизион медидам, ки занҳое, ки ба ин роҳ мераванд ва "бор" мебаранд, меқапидан нишон медоданд. Лекин рафтам, кудакоя хонаи модарам мондам ва бо гапҳои он зан рафтам се маротиба дар бағалам бурдам. Омадам зиндагим нағз шуд, ҳар як рафтагим да 500-600 доллар медоданд, ки бисёр хурсанд мешудам, пули калон аст гуфта."

Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 80 дар сади заноне, ки дар маҳбаси занонаи воқеъ дар шаҳри Норак, 50 километрии шарқу ҷануби пойтахти кишвар ба сар мебаранд, заноне мебошанд, ки бо маводи мухаддир дастгир шудаанд.

Бино ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, 40 дар сади парвандаҳои афроде, ки дар соли гузашта даст ба қочоқи маводи мухаддир задаанд парвандаҳои занон мебошанд.

Тағоев Раҷабалӣ - додситони раёсати тафтишотӣ дар вазорати умури дохила ва Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегуяд, сабаби аслии ба ҳамлу нақли маводи мухаддир ру овардани занону ноболиғон тангии рузгор ва албатта гуруҳҳои мафиёии қочоқбар мебошанд, ки бо ҳар роҳ занон ба доми худ мекашанд. Танҳо дар як моҳи соли равон се духтари ноболиғ ҳангоми ҳамкорӣ бо гуруҳои қочоқчӣ дастгир шудаанд.

Раҷабалӣ Тағоев - додситони раёсати тафтишотии вазорати умури дохила ва Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон: Соли гузашта мо нисбати 15 нафар ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардем, ки се нафари онҳоро гуруҳҳои қочоқбар барои интиқоли маводи мухаддир ҷалб намудаанд."

Ва аммо коршиносон мегуянд, дар ҳоли ҳозир кушишҳои кормандони интизомӣ ва амниятии кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа бенатиҷа хоҳад буд. Зеро бо боздошту ба зиндон кашидан, наметавон ҳатто теъдоди ин гуна занонро кам кард.

Ба назари ҷомеашиносон маоши ночиз дар идораҳо, бекории сартосарӣ, ки ҳам шавҳар ҷои кор надорад ва ҳам зан, заъфи ҳукумату ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хонаводаҳоро ночор сохтааст, ки ин машғулиятро касби худ кунанд ва дар ивази ҳероин соҳиби пул шаванд. Агар чор панҷ сол қабл занону духтарони тоҷик бо фиребу саъйи гуруҳои мафиёӣ дар ин роҳ ҷалб мешуданд, вале вазъи як ду соли ахир нишон медиҳад, ки аксари занон аз пеши худ ба суроғи гуруҳҳои қочоқбар меоянд.

Намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муҳтарама Қаюмова мегуяд, ҳизби онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ин зуҳурот тибқи барномаи махсус дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳур кушишҳое ба харҷ медиҳад, ки аққалан як духтари тоҷикро аз ин амали ношоиста боздоранд: "Дидаву дониста ба ин роҳ мераванд. Ман аксарият занону духтаронеро медонам, ки ба ин роҳ рафтаанд, мо бо онҳо суҳбат доштем ва онҳо мегуянд, бигзор ман як бор ҳаётамро зери хатар мемонам, меравам, лекин маблағи калон ба даст меоварам."

Коршиносони тоҷик мегуянд, бо таблиғу ташвиқ дар роҳи пешгирӣ аз ин амали номатлуб натиҷае ба даст намеояд. Онҳо меафзоянд, Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон бо Афғонистон ҳамсоягию наздикӣ дошта, бо мушкилоти қочоқи маводи мухаддир ру ба ру мебошад, аммо аз ҳама бештар зани тоҷик дар Тоҷикистон чун воситаи интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои берун истифода мешавад.

Дар посух худи коршиносон мегуянд, танҳо бо ислоҳ кардани вазъи иҷтимоӣ ва бо коҳиш додани сатҳи муҳоҷират дар кишвар шояд ин масъала то дараҷае ҳалли худро пайдо кунад.

Ҳамчуноне ки Зулфия Атоӣ - сардабири ягона маҷалаи бонувон дар Тоҷикистон "Фируза" мегуяд, мардҳои тоҷик бинобар мушкилоти рузгор зану фарзандони худро гузошта, барои дарёфти пул ба Русия мераванд ва бо ҳамин хонаводаҳои худро фаромуш месозанд: "Ба инсоф биёянд мардҳо, онҳое, ки барои мардикорӣ мераванд, он ҷо зан мегиранд, он ҷо мемонанд, оилаашон ин ҷо бо чор-панҷ фарзанд танҳо мемонад, онҳо маҷбур мешаванд ва фактҳое мо дорем, ки модарон духтарони қадраси худро мефурушанд."

Бале ин ҳам яке аз омилҳои ба фиреби гуруҳҳои қочоқбар рафтани заноне мебошад, ки парастор надоранд. Бино ба иттилоъи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии кишвар наздик ба 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ, аз ҷумла дар Русия ба кори сиёҳ машғуланд. Вале созмонҳои байналмилалӣ мегуянд, ҳудуди як миллион аҳолии Тоҷикистон танҳо дар Русия бо машғулиятҳои мухталиф ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG