Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон Ай Эм Эф-ро нигарон кардааст



Раҳматкарими Давлат



Роберт Кристиансен - роҳбари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул ва Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти рузи сешанбеи худ, ҷараёни иҷрои барномаҳое, ки бо мусоидати ин ниҳоди молии байналмилалӣ иҷро мешаванд ва ҷараёни рушди макроиқтисодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Роберт Кристиансен баъди анҷоми ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт: "Таваҷҷуҳи аслӣ дар суҳбат сари масъалаи фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, ислоҳоти соҳаи энергетика ва хидмати давлатӣ ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ буд. Ба назари мо, дар маҷмуъ вазъи иқтисодӣ хуб пеш меравад ва рушди боварибахши иқтисодӣ мушоҳида мешавад."

Аммо гуфт намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул, дар айни ҳол аз суръати инфлятсия ё таваррум дар Тоҷикистон нигаронӣ дорад: "Мо як андоза аз вазъи инфлятсия дар чанд вақти охир нигарон мебошем. Ба назари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул мизони инфлятсия ё таваррум дар сатҳи бисёр баланд идома дорад ва зарур аст, ки мизони он коҳиш дода шавад."

Роберт Кристиансен гуфт, дар самти ислоҳоти бонкӣ пешрафтҳое ба даст омадааст, вале ба зарурати суръат бахшидан ба ислоҳоти кишоварзӣ таъкид кард. Намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул афзуд, ин ниҳоди молӣ дар нишасти машваратии созмонҳо ва кишварҳои кумаккунанда ба иқтисоди Тоҷикистон, ки қарор аст, рузи 9 феврал дар Ландан баргузор шавад, ширкат хоҳад кард.

Дар айни ҳол Файзулло Холбобоев - мушовири иқтисодии раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ин нишаст, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба барномаҳоест, ки ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, амалӣ кунад: "Аз ҷониби дигар ин нишаст як гуна таҳрики донорҳо барои суръат бахшидан ба иҷрои ваъдаҳоест, ки дар моҳи майи соли гузашта дар нишасти Душанбе, карда буданд."

Дар нишасти шаҳри Душанбе созмонҳо ва кишварҳои кумаккунанда ҳудуди ваъдаи кумаки 900 миллион доллар барои иҷрои барномаҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистонро супурда буданд. Зимни ин нишаст ҳамчунин ҳайъати Тоҷикистон нахустин гузориши худро аз ҷараёни иҷрои барномаи фақрзудоӣ дар ин кишвар, ки бо мусоидати созмонҳои молии байналмилалӣ тайи як сол идома дорад, ироа хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG