Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"РусАл" ТадАЗ ва "Ансол"-ро нахаридааст?



Абдуқайюми Қайюмзод



Мақомоти Тоҷикистон хабари ба ширкати русии "Русский Алюминий"("РусАл") фурухта шудани саҳмияҳои корхонаи алюминсозии шаҳри Турсунзодаро радд карданд.

Абдулҳамид Салимов, ёвари мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури масоили иқтисодӣ бо такзиби ин хабар афзуд, ҳамаи саҳмияҳои ТадАЗ ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дошта, то ҳоли ҳозир як чунин амалиёте, ки мунҷар ба фуруши ин корхона ва ё саҳмияҳои он шуда бошад, сурат нагирифтааст.

Ахиран рузномаи "Коммерсант", чопи Маскав аз қавли дафтари матбуоти ширкати "РусАл" навишт, миёни корхонаи алюминсозии Тоҷикистон ва ин ширкат як қарордоди ҳамкории дарозмуддат ба имзо расидааст, ки бар асоси он таъминоти ашёи хом ва ҳамзамон фуруши тавлидоти корхонаи Турсунзодаро ин ширкати русӣ ба уҳдаи худ гирифтааст. Бар асоси ин гузориш, ширкати "РусАл" ба манзури тавсиъаи суръати гардиши мол дар ин корхона ба маблағи 45 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ва ҳамчунин куллия саҳмияҳои ширкати "Ансол", танҳо ширкати таъминкунандаи ашёи хом ва фурушандаи асосии тавлидоти ин корхонаро харидааст.

Нашрияи "Коммерсант" ширкати "Ансол"-ро ба генерал Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ додааст. Аммо Ғаффор Мирзоев, ки дар ин миён ба мақоми раиси ожонсии давлатии мубориза алайҳи маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин шуд, ба у тааллуқ доштани ширкати "Ансол" ва ҳамзамон вуҷуди кадом қарордод дар заминаи фуруши саҳмияҳои ин ширкатро шадидан радд намуд.

Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон гуфтаанд, ки ширкати "РусАл" дар шумори ширкатҳои ҷазбманд ба харидории корхонаи алюминсозии Тоҷикистон буда, борҳо бо талошҳои муҷаддад ба хотири ин кор бо ҷониби Душанбе вориди музокирот шудааст.

Аммо ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, музоядаи фуруши саҳмияҳои корхонаи ТадАЗ на пештар аз ду соли дигар доир хоҳад шуд.

Корхонаи алюминсозии Турсунзода бо тақрибан 500 000 тонна тавлидоти солонаи алюмин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкати "РусАл" ба Олег Дерипаска, домоди Валентин Юмашев, сухангуи президенти собиқи Русия Борис Елтсин тааллуқ дорад. Валентин Юмашев худ ба Татяна Дяченко, духтари Борис Елтсин издивоҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG