Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳайъат аз Душанбе ба Лондон меравад



Мирзонабии Холиқзод



Ҳукумати Тоҷикистон барои муаррафии барномаи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар нишасти машваратии кишварҳои кумаккунанда ба иқтисоди ин кишвар дар Лондон ҳайъати иқтисодии худро омода намудааст, ки ба он намояндагони аршади вазорати молия, Бонки Миллӣ, бахши иқтисодии дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва коршиносони ниҳодҳои дигари иқтисодии кишвар дар раъси вазири иқтисоду савдо Ҳаким Солиев шомил мебошанд.

Рузи 2 феврал дафтари матбуоти вазорати иқтисоду савдо бо пахши як иттилоия хабар дод, ки дар нишасти Лондон, ки аз 9 то 10 феврал идома хоҳад кард, масъалаи 900 миллион қарз бо шумули 200 миллион ёрии хайрия ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Интизор меравад дар ин нишаст аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон як гузориш роҷеъ ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар ироа шавад.

Масъули дафтари матбуоти вазорати иқтисоду савдои Тоҷикистон Ғафур Расулов мегуяд, ба манзури коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар як гузориш иборат аз масъалаи ниёзмандии мардуми Тоҷикистон ба гандуму орд ва маводи дигари ғизоӣ низ ба самъи ширкаткунандагони нишасти Ландан ироа мешавад.

Дар моҳи ноябри соли гузашта як нишасти машваратии кишварҳои кумаккунанда ба иқтисоди Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он зарурати ҳамоиши кишварҳои ёрирасон ба иқтисоди Тоҷикистон дар Лондон таъкид шуда буд.

Ахиран вазири иқтисоду савдои Тоҷикистон Ҳаким Солиев дар порлумони Тоҷикистон ҳангоми қабули Барномаи сармоягузории давлатии кумакҳои билоиваз ва фании кишвар барои солҳои 2004-2006 таъкид намуд, ки Тоҷикистон бар асоси ин барнома ба 475 миллион доллар ниёз дорад. Ва маҳз бар асоси ин гузориши вазорати иқтисод ва савдо, барномаи сармоягузории давлатӣ барои соли 2004 то 2006 бо касби раъйи бештари вакилони мардумӣ ба тасвиб расид.

XS
SM
MD
LG