Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маргталабӣ шуҷоат ва ё қаҳрамонӣ нест



Раҳматкарими Давлат

То ба зуҳури ислом низ дар боварҳои мардумони иронинажод маргталабӣ маҳкум шудааст.

Афзоиши зуҳуроти интиҳорӣ ва қасосталабӣ аз роҳи даст задан ба худкушӣ ва куштани дигарон, ки дар бархе аз кишварҳои исломӣ мушоҳида мешавад, ба унвони як амали номатлуб ва падидаи ғайришаръӣ аз ҷониби руҳониён ва ҷомеашиносони тоҷик баррасӣ мешавад.

Домулло Файзуллои Зубайдулло - сархатиби масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон мегуяд, даст задан ба амали худкушӣ ва аз ин роҳ қасос гирифтан ва куштани дигарон бар асоси шариати ислом гуноҳи кабира аст ва барои шахси худкуш паёмади мудҳише дорад: "Як оят ҳам далолат мекунад, ки шумо орзуи маргро накунед. Баъзе бародароне ҳастанд, ки аз мушкилоту заҳматҳое, ки ба сараш меоянд, ба худкушӣ розӣ мешаванд. Роҳи халосиро дар ҳамин мебинад, яъне ин куфрони неъмат аст. Агар мо ин неъмати бузургро мо ношукрӣ кардем, куфрони неъмат кардем, худои таъоло дар ояти дигар таъкид кардааст, ки агар шумо неъматҳои маро хурда, пушида, истифода баред, шукрона кунед, ин неъматро ман барои шумо афзун месозам. Лекин ҳамин неъматҳоро, аз ҷумла ҳаётро, ки як неъмати бузург аст, шумо куфрони неъмат кунед, ношукрӣ кунед, азоби ман барои шумо бисёр сахт аст."

Аммо дар айни ҳол бархе аз ашхос аз ҷумла исломхоҳони сиёсӣ бар ин боваранд, ки падидаҳои интиҳорӣ, на мушкили инсонӣ ва инфиродӣ, балки як усули муборизаи сиёсӣ аст ва амалиётҳои маргталабиро ношӣ аз поймол шудани ҳуқуқи инсонӣ ва мазҳабии афрод ва вобастаи мушкилоте медонанд, ки дар ҷомеаҳои ҷаҳони саввумӣ роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Акоша Кабирӣ раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он: "Мардуме, ки дигар ба роҳи сиёсӣ ҳалли кори худро намеёбанд, дигар чорае намебинанд. Агар ба он миллату қавмҳо роҳи ҳалро бо роҳи сиёсӣ, фарҳангӣ ё ки инсонӣ дода шавад, фикр мекунам, ин корҳо пешгирӣ карда мешавад. Вақте ки инсон ба номуси у, ба ватани у, ба ҳайсияти у даст мезанад, вай фидоӣ мешавад."

Ин гуна ашхос бовар доранд, касоне, ки ба амали интиҳорӣ даст мезананд, шаҳид хоҳанд буд, зеро барои эътиқоди худ амал кардаанд ва бо ин роҳ режимҳоро таҳти фишор хоҳанд гузошт, то ҳаққи онҳоро эътироф кунанд. Вале ҷомеашиносон мегуянд, даст задани як шахс ба ҳамлаи интиҳорӣ ва куштани дигарон ин нишонаи эътиқод нест, балки далели заъфи равонӣ ва беиродатии шахс мебошад.

Суннатуллои Хоҷазод, ки дар донишгоҳи Тоҷикистон дар масъалаи исломи сиёсӣ, зуҳури Толибон ва муқовимати шимол таҳқиқот анҷом медиҳад, мегуяд, худкушӣ роҳи мубориза барои даст ёфтан ба ҳадаф нест ва касоне, ки ба ин кор даст мезананд, зери таъсироти зудгузар қарор гирифтаанд ва абзори дасти гуруҳҳо мегарданд: "Дар ислом мағзу равону виҷдону ақли касеро тассаруф кардан ва аз у суистифода кардан, комилан мамнуъ аст. Яъне гуруҳе бо ғаразҳои сиёсӣ аз заъфи равонии ин афрод суистифода мекунад ва онҳоро ба ин роҳ мебарад, то барои худ манфиати сиёсӣ ва имтиёзи сиёсӣ касб кунад. Ният бояд расидан ба ҳадаф бошад, аммо ин гуна афрод қатъи ҳадаф мекунанд, барномаашонро қатъ мекунанд. Агар ун инсон ҳадафи сиёсӣ дошта бошад, бояд барои ҳадафаш мубориза кунад ва лаззати пирузиро бубинад. Яъне он нафар ҳам худашро дар нимаи роҳ қурбонӣ кардааст ва афроди дигари бегуноҳро, аз байн мебарад ва тафриқаву зиддият ва мухолифатҳои дастаҷмаъӣ байни ақвому адён ба вуҷуд меорад, ки инро ҳеҷ дин таъйид накардааст."

Оғои Хоҷазод ҳамчунин меафзояд, аз нигоҳи шаръи исломӣ низ, афроди ҷудогона масъули посух гуфтан дар баробари мушкилоти мардум нестанд ва танҳо барои амалҳои хубу зишти худ дар назди худовандашон масъуланд. Ва ин подшаҳон ва роҳбарони кшиварҳои исломӣ ҳастанд, ки дар назди мардум ва худованд барои доду бедодии мулкашон посухгуянд. Аз ин нигоҳ, даъвои гуруҳҳои тундрав, ки мехоҳанд, дар ҷомеъа адолат эҷод кунанд, чандон асос надорад ва назарфиребӣ ва барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гуруҳиашон аст.

Аммо то ба зуҳури ислом низ дар боварҳои мардумони иронинажод маргталабӣ маҳкум шудааст. Аз ин ҷост, ки то кунун дар бархурдҳои мусаллаҳонаи ахир низ дар ин сарзаминҳо амалиётҳои ба истилоҳ шаҳодаталабона ё маргталабона мушоҳида нашудааст. Ҷойи нигаронӣ ин аст, ки бо афзоиши ин амалҳо дар бархе аз кишварҳои минтақа анҷоми амалиётҳои интиҳорӣ ба як расми нораво дар ин сарзаминҳо низ табдил нашавад.

Довуд Исмоилов як хатмкардаи Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон: "Чӣ дар замони ислом ва чӣ аз он пеш низ дар даври Куруши Кабир, тавре дар байни мардум маъмул аст, ки Куруши Кабир бо адолат ҷаҳонро гирифта буд, мегуфтанд. Куруши Кабир чунин як қонуни ҷанг дошт, ки касе ки силоҳ надорад, ҷанг кардан лозим нест ва ба ҳар мамлакате, ки дохил мешавед, ба мардуми оддӣ ва деҳқон кушиш кунед, ки офати шумо нарасад. Ҳамин буд, сабаби музаффариятҳои Куруш."

Ва аз нигоҳи дигар, "Шоҳнома" гаронтарин маъхази фарҳангии мардумони ин сарзамин аз эътиқодоти то исломӣ мегуяд, "Диловар, ку н-андешад аз захми шер, Ту девона хонаш, махонаш далер". Оқои Хоҷазод устоди Донишгоҳи миллӣ: "Илова бар он дастуроти мазҳабию диние, ки дар ин маврид вуҷуд дорад, дар адабиёти форсӣ низ паёмадҳои ин гуна амалкард шадидан маҳкум шудааст. Масалан ин байтро бубинед: "На ҳар бигзашта аз ҷон қаҳрамон аст, Ки ҷон аз ибтидо худ ройгон аст." Яъне, ки инсон дар баробари ҷоне, ки худованд ба у ато кардааст, масъул мебошад."

Аммо Масъуди Халилӣ - дипломати афғон ва фарзанди Халилулоҳи Халилӣ - шоири бузурги забони форсӣ як чашми худро бар асари амалиёти интиҳории ду маргталаби араб, ки Аҳмадшҳои Масъуд зимни он кушта шуд, аз даст додааст. У мегуяд, ҳадаф аз даст задан ба террор ва худкушӣ ақидаи мазҳабӣ нест, агар ғараз ин буд, чаро ҳадафи ин амал эътиқодмандтарин чеҳраи дунёи ислом қарор гирифт.

Масъуд Халилӣ: "Терроризм миллият надорад, терроризм қавм надорад, терроризм мамлакат надорад, терроизм араб ва ғайриараб надорад. Террорист террорист аст. У мазҳаби хоси худаш аст, у диди хоси худаш аст, у диди мо мардум нест, диди мо мусулмонон нест. У ҳар ду омаданд, ҷони азизтарин ва ақидамандтарин ҷавони ҷаҳони башарият ва исломро гирифтанд."

Халилӣ дигар бо як чашм ба ҷаҳон менигарад. Аммо ҳамчунон эътиқод дорад, ки мардумони ин сарзаминҳо ба боварҳои худ содиқ хоҳанд монд ва маргтабалиро қаҳрамонӣ ва шуҷоъат нахоҳанд донист.

XS
SM
MD
LG