Пайвандҳои дастрасӣ

Оворагии ҳоҷиёни тоҷик дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Шарҷа



Искандари Хоҷа Мирзода

Ба доди зоирони овора Ҳилоли Аҳмари Имороти Муттаҳидаи Араб расид ва онҳоро роҳии Маккаву Мадина кард.

Ҳилоли Аҳмари Имороти Муттаҳидаи Араб ба таври фавқулодда ба се ҳазор ҳоҷии тоҷики овора дар майдони ҳавоии аморати Шарҷаи ин кишвар кумак расонидааст. Ҳоҷиён бидуни раводиди сафар ва дигар санадҳои зарурӣ вориди Имороти Муттаҳидаи Араб шуда, наметавонистанд, барои адои фаризаи ҳаҷ аз хоки ин кишвар ба Арабистони Саудӣ убур намоянд. Назар ба хабарҳои расида, бо дахолати шахсии раҳбари Шарҷа Шайх Султон Бин Муҳаммад ал-Қосимӣ мушкили ҳоҷиёни тоҷик ҳал шуд. Дар як суҳбати телефонӣ бо Шарҷа аз Хамис Муҳаммад ас-Сувайдӣ раҳбари Ҳилоли Аҳмари Аморат пурсидам, ҳоҷиёни тоҷик чӣ мушкилӣ доштанд?

Вай гуфт: "Мушкилӣ ин буд, ки онҳо раводиди сафар, виза надоштанд. Ҳамчунин баъд аз он, ки ширкатҳо ҳоҷиёни тоҷикро раҳо ва ё фиреб намуданд, онҳо барои сафар ба ҳаҷ автобус надоштанд."

Ин чӣ ширкатҳое буданд? Аз кадом кишвар?

"Ширкатҳои хориҷӣ, хориҷ аз Имороти Муттаҳидаи Араб. Мақсад, ширкатҳои масъули интиқоли ҳоҷиёни тоҷик ба ҳаҷ ба воситаи автобус. Мутасаддии онҳо ҳамроҳашон буд. Вазири нави умури динии Тоҷикистон ҷаноби Ғолиб ҳам дар он ҷо ҳузур дошт. Мо имкон ёфтем ҳоҷиёнро аз майдони ҳавоӣ берун барорем. Тавонистем, озуқаву нушокии онҳоро таъмин намоем ва интиқоли онҳоро ҳам ташкил кардем. Валекин асоси мушкилӣ ... сарчашмаи мушкилӣ ин аст, ки ширкати ҳавоии Тоҷикистон ҳоҷиёнро аз Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб бидуни раводиди сафар интиқол дод. Ин кори хатарнокест, ки ширкати ҳавоии Тоҷикистон масъулияташро бар душ дорад. Бидуни виза набояд касе аз Тоҷикистон берун мешуд. Ҳар ширкати ҳавоӣ набояд касеро бе иҷозат и сафар ба кишвари дигаре интиқол диҳад. Онҳо ҳоҷиёнро ба ин ҷо оварда, дар вазъи хеле ҳам ногувор гузоштанд. Мо аз ин ширкати ҳавоӣ талаб кардем, ки дар ҳалли мушкили ҳоҷиён саҳм гирад. Ширкат арз кард, ки хароҷот зиёд асту ғайра...

Хуб, мо худамон ба онҳо таому курпаву, дигар эҳтиёҷоти аввалия ва сафарро фароҳам оварда, онҳоро ба Арабистони Саудӣ интиқол додем, то онҳо фаризаи ҳаҷро адо намоянд, аз шаҳри Мадинаи Мунавара зиёрат намоянд ва сипас ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва аз он ҷо ба Тоҷикистон баргарданд."

Аммо ширкати ҳавоии Тоҷикистон ин айбномаро қабул надорад. Навбатдори қабулгоҳи раиси ширкат, ки аз мушкили ҳоҷиён огаҳ буд, ба мо гуфт: "Бо ин кор Кумитаи умури дини Тоҷикистон машғул буд ва ҳоҷиён бо ҳуҷҷатҳояшон ба ҳамон ҷо муроҷиат мекарданд." Ҷавоби маъқул, вале фикр накунам, ки ҳозир аз донистани он ҳоҷиёни овора хурсанд шаванд.

Мушкилиҳо дар ҷараёни сафари ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон чизи нав нест. Солҳои гузашта ҳам ҳоҷиён хусусан, онҳое, ки бо роҳи заминӣ ба Маккаи Мукаррама мерафтанд, баъди гирифтани раводиди сафар ба Арабистони Саудӣ ҳеҷ фикр намекарданд, ки кишварҳои дигарро чӣ гуна убур хоҳанд кард. Ду сол пеш садҳо ҳоҷии тоҷик дар майдони ҳавоии шаҳри Димишқи Сурия банд монда буданд, ва ба шарофати саъйу кушиши тоҷикони муқими ҳамон кишвар бахши бузурги ҳоҷиён тавонистанд, ки саривақт санадҳоро дуруст карда, ба ҳаҷ ҳозир шаванд.

Аз Хамис Муҳаммад ас-Сувайдӣ раиси Ҳилоли Аҳмари аморати Шарҷа пурсидам, дақиқан ҳоҷиёни тоҷик ҳозир дар куҷо ҳастанд? Оё аз қаламрави Имороти Муттаҳидаи Араб берун шуданд?

Вай гуфт: "Ал ҳамду лиллоҳ ҳамаашон ба ҳаҷ рафтанд. Дар байни онҳо кудакону муйсафедон ҳам буданд. Чизе аз дастамон омад, барояшон фароҳам овардем. Аз бозиву памперсу дору, то тамоми ашёи дигари мавриди ниёзро барои онҳо пайдо кардем. Яъне ҳеҷ ҷои нигаронӣ намондааст."

Билохира Хамис Муҳаммад ас-Сувайдӣ раҳбари Ҳилоли Аҳмари Аморати Шарҷа илова кард, ки як ширкати сайёҳии Тоҷикистон бо таҳияи ҳуҷҷатҳои бозгашти ҳоҷиёни тоҷик машғул мебошад.

XS
SM
MD
LG