Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон узви Интерпол мешавад



Раҳматкарими Давлат



Ҳумиддин Шарифов - вазири умури дохилаи Тоҷикистон рузи панҷшанбе эълон кардааст, ки музокироти ин кишвар бо раёсати Интрепол ба натиҷа расида ва қарор аст Тоҷикистон расман ба узвияти пулиси байналмиллалӣ пазируфта шавад. Масъалаи узвияти Тоҷикистон дар Интерпол зимни сафари як ҳайъат таҳти сарпарастии вазири умури дохилаи ин кишвар ба шаҳри Леони Фаронса баррасӣ ва ҳал шудааст.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти вазорати умури дохила саргарми омодасозии кадрҳо барои кор дар шабакаи пулиси байналмиллалӣ мебошанд. Ҳумиддин Шарифов ҳамчунин гуфтааст, ки ба Тоҷикистон барои ворид шудан ба пулиси байналмиллалӣ имтиёз дода шудааст. Ва Тоҷикистон бидуни пардохти ҳаққи вуруд, ки 50 ҳазор евро мебошад, ба узвияти Интерпол пазируфта мешавад. Бар иловаи ин ҳар кишвари узв бояд солона ба маблағи 10 ҳазор евро ба хазинаи Интерпол ҳаққулузвият пардохт кунад.

Аммо маъмурияти пулиси байналмиллалии Интерпол итминон додааст, ки баъди пазируфта шудани Тоҷикистон ба узвияти ин созмон ба маблағи 45 ҳазор евро таҷҳизоти техникии заруриро ҷиҳати дарёфт ва ирсоли маълумоти сиррӣ ва барқарории робитаи корӣ бо аъзои дигари ин созмон, дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG