Пайвандҳои дастрасӣ

Шветсия дар Душанбе намояндагӣ боз мекунад



Сафаргул Олимӣ



Ҳукумати Шветсия тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон намояндагии дипломатии худро таъсис кунад. Свен Хирдман намояндаи хоси Шветсия дар умури Тоҷикистон, ки феълан ҳамзамон сафири кишвараш дар Русия низ ҳаст рузи панҷшанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Оғои Хирдман баъд аз мулоқоташ ба хабарнигорон гуфт: "Қарор аст, дар Тоҷикистон намояндагии дипломатии Шветсия таъсис дода шавад ва мо барномаҳои хеле ҷиддӣ ва муҳимро дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоёт анҷом доданием. Шветсия дар истихроҷ ва коркарди маъдан, баҳрабардорӣ аз имконоти манобеъи обӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Мо бо ҷаноби Раҳмонов ҳамчунин сари масоили байналмиллалӣ ва минтақа низ суҳбат доштем. Инчунин вазъи Афғонистон ва масъалаи содир гаштани маводи нашъаовар ба Аврупо низ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт, ки барои Шветсия низ ин мушкилоти мубрам ба шумор меравад."

Оқои Хирдман афзуд, ҷониби Шветсия барои ҳамкориҳои иқтисоди бо ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон солона маблағи 10 миллион доллар пешбинӣ намудааст.

XS
SM
MD
LG