Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази таъмири аслиҳа бунёд мешавад



Мирзонабии Холиқзод



Вазорати дифои Тоҷикистон 28-уми январ аз таъсиси як пойгоҳи минтақавии тармиму таъмири ҷангафзор ва техникаҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Заробиддин Сироҷев - масъули дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пойгоҳ ё маркази минтақавии таъмири ҷангафзор бо кушиши Русия ва Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Дар роҳи бунёди он беш аз се соласт, ки мақомоти низомии Тоҷикистон бо ниҳодҳои масъули Русия гуфтушунид доранд ва ниҳоят тасмим гирифта шудааст, ки дар заминаи таъмиргоҳи вазорати дифои Тоҷикистон чунин пойгоҳ таъсис дода шавад.

Ба назари мутаххасисони тоҷик, тақрибан 90 дар сади силоҳҳои кишварҳои осиёи марказии собиқ шуравӣ сохти Русия мебошанд, аз ин ру Узбакистону Қирғизистон ва кишварҳои дигар низ метавонанд, дар ҳоли зарурат ба ин марказ муроҷиат кунанд.

Рамил Нодиров - муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон - гуфтааст, таъсиси чунин пойгоҳ бар асоси созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкори дар риштаи ҳарбию фаннӣ, ки соли 1993 ба имзо расида буд, сурат мегирад.

Тибқи иттиллоъи вазорати дифои Тоҷикистон, ахиран дар яке аз корхонаҳои ҳарбии Русия як дастгоҳи зенитии зидди ҳамлаи ҳавоии вазорати дифои Тоҷикистон таъмир шуд.

Рамил Нодиров гуфтаст, дар ҳоли ҳозир танҳо мутахассисони фирқаи 201-уми Русия танку зиреҳпушҳои артиши Тоҷикистонро таъмир мекунанд.

Иқдоми Русия Тоҷикистон ҷиҳати бунёди як маркази минтақавии таъмири ҷангафзор дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳукумати Русия барои мақоми пойгоҳи низомӣ додани фирқаи 201-уми худ дар Тоҷикистон бо ҳукумати ин кишвар гуфтушунид дорад.

XS
SM
MD
LG