Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурӣ:Нагузоред дар кишвар хушунат сар занад



Раҳматкарими Давлат



Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - собиқ фармондеҳи олии нируҳои мухолифини пешин - иқдоми Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатов, ду тан аз фармондеҳони аршади неруҳои мусаллаҳи мухолифини пешини давлати Тоҷикистон ҷиҳати омодагиашон барои таъсиси ташаккули сиёсии фармондеҳони собиқро як ҳаққи мусаллами онҳо донист, вале афзуд, ин иқдомот бояд дар чаҳорчуби қонун ва бо роҳҳои сиёсӣ сурат бигирад, то мунҷар ба хушунат нашавад.

Оқои Нурӣ афзуд, барои аз роҳи мусолиматомез ҳал намудани ин масоил бояд қабл аз ҳама худи ҳукумати кишвар манфиатдор бошад ва талош кунад: "Ҳар кас аз гуруҳҳои Тоҷикистон, ҳар як гуруҳ ҷамъ шуда, кадом иттиҳодияе барои ҳифзи ҳуқуқи худ ва мақсадҳои худ ҷамъ шаванд, ҳар кор тибқи қонун мумкин аст. Бо ҳам бишинанду масъаларо бо роҳи худӣ бо машварати дохилӣ ҳал кунанд, хубтар аст. Ман ба намояндагони собиқи оппозитсия насиҳат мекунам, ки ҳеҷ вақт ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва ҳар фаъолияти сиёсиву фарҳангиро дар дар чаҳорчубаи қонун анҷом диҳанд. Ҳеҷ вақт ба хушунат роҳ надиҳанд, даври ҳам ҷамъ шаванд ва проблемаро бо роҳи машваратҳо, бо роҳи ҳамчун бародар, ҳамчун тоҷик ҳал кунанд ва нагузоранд, ки дар ин кишвар хушунате сар занад."

Аммо Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон - ва Саламшоҳ Муҳаббатов аз мухолифини собиқи ҳукумат рузи гузашта изҳор карда буданд, ки ба манзури ҳимоят аз раванди сулҳ ва амалкарди ҳукумат дар ҷиҳати тааҳуддоти Созишномаи сулҳ як шурои сиёсии фармондеҳони собиқро даъват ва зимни он ба унвони кишварҳои кафили сулҳ як баёния содир хоҳанд кард.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG