Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посбони сафорати Русия зиндонӣ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноии Фарҳод Раҳматов, як афсари вазорати амнияти Тоҷикистонро ба поён бурда, уро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Абдунабии Исҳоқӣ - қозии додгоҳи низомӣ ва масъули муҳокимаи парвандаи мазкур гуфт, афсари вазорати амнияти Тоҷикистон ба ҳангоми адои хидмати давлатӣ, ба ҳайси корманди хадамоти муҳофизатии сафорати Русия дар Тоҷикистон даст ба фаъолияти ҷиноӣ задааст.

Қозии додгоҳ гуфт, ки Фарҳод Раҳматов - корманди вазорати амният - бо истифода аз ваколати хидматӣ ва бо ситонидани як миқдори муайяни маблағ духтарони ноболиғи аз 12 то 16 соларо ба танфурушӣ ва дигар амалҳои шаҳвонӣ ҷалб мекардааст. Абдунабӣ Исҳоқӣ афзуд, дар ҷараёни бозпурсии бархе аз ин духтарони ҷабрдида, ки ҷойи таҷаммуъашон назди сафоратхонаи Русия дар Душанбе будааст, иқрор кардаанд, ҳамаи амалҳои онҳо зери назорат ва ҳамзамон бо мусоидати Фарҳод Раҳматов афсари вазорати амният сурат гирифтааст.

Ва аммо ба маълумоти идораи умури дохилаи пойтахт, дар шаҳри Душанбе бештар аз панҷсад занону духтарон, ки наздик ба панҷоҳ нафарашон ноболиғон астанд, соли гузашта барои танфурушӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноии 11 тан аз кормандони умури дохилаи Душанбе ва Мавлавӣ Қосим Раҳимов - узви раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки низ бо ҷиноёти мушобеҳ, таҷовузи духтарони ноболиғ ва ташкили фоҳишахонаҳо гумонбар дониста мешаванд, идома дорад.

Абдунабии Исҳоқӣ, қозии додгоҳи низомии Душанбе, таъкид кард, ки ҳукми додгоҳ дар мавриди Фарҳод Раҳматов, афсари вазорати амният, пас аз баррасии ҳайъати бозрасии шикоёти додгоҳ ба иҷро мерасад.

XS
SM
MD
LG