Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Ашт дар марз аз мина кушта шуд



Мирзои Салимпур



Сокини як рустои бо Узбакистон ҳаммарзи ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон дар натиҷаи таркиши мина дар майдонҳои минагузоришудаи марзи байни ин ду кишвар кушта шудааст. Дар ин бора ба ИТАР-ТАСС аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додаанд.

Манобеъи ИТАР-ТАСС мегуянд, ҷониби Узбакистон аз моҳи августи соли 2000 дар пайи ҳамлаи гуруҳҳои террористӣ ба Қирғизистон ба минагузории марзҳояш шуруъ намуд. Тошканд дар шарҳи чунин иқдом зарурати таъмини амнияти миллиаш ва ҷилавгирӣ аз вуруди гуруҳҳои террористӣ аз хориҷи Узбакистонро далел меорад.

Аммо ба навиштаи ҳафтаномаи "Азия Плюс", чопи Душанбе, дар майдонҳои минагузоришудаи марзи Узбакистон на гуруҳҳои террористу қочоқбар, балки бештар мардуми осоишта кушта мешаванд. Бино ба гузориши ин нашрия, то ҳол дар минаҳои марзи Узбакистон 61 нафар кушта ва 50 тани дигар маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG