Пайвандҳои дастрасӣ

Фозилов бо ҷурми ҷосусӣ 20 сол гирифт



Мирзои Салимпур



Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе рузи ҷумъа Фармон Фозилов, як афсари 42-солаи кумитаи марзбонии Тоҷикистонро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи давлати Узбакистон ба 20 соли зиндон ҳукм кард.

Ношири ин хабар, ожонсии ИТАР-ТАСС мегуяд, додгоҳи низомӣ лейтенанти ҳамакнун собиқи нируҳои марзбониро ба суъиистифода аз мақом, тарки худсаронаи ҷойи хидмат дар замони ҷанг ва чанд ҷинояти дигар ҳам айбдор донист.

Аммо ҷузъиёти фаъолиятҳои ҷосусии Фармон Фозилов маълум нест, чунки додгоҳи у пушти дарҳои баста мегузашт.

Қозии мурофиаи ин парванда Савриддин Тошев ба ИТАР-ТАСС гуфтааст, Фармон Фозилов ҳақ дорад дар зарфи як ҳафта аз замони эъломи қарори додгоҳ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз ин ҳукм шикоят барад.

XS
SM
MD
LG