Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Созмони Ҷаҳонии Кор



Саидқосими Қиёмпур

Ин созмон мегуяд, 6 шаш фоизи аҳолии қобили кори дунё, шуғле надорад.

Хуруҷи бемории САРС ва ё илтиҳоби ғайримуқаррарии шуш дар Осиё ва Канада, ҷанг дар Ироқ, коҳиши туризм бар асари афзудани хатари терроризм, сабабҳои аслии афзудани бекорӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар гузориши солонаи Созмони Ҷаҳонии Кор омадааст, имрӯз беш аз 6 дар сади неруи кории дунё шуғле надорад. Ду сол пеш теъдоди афроди бекор дар кишварҳои гуногуни олам тақрибан 20 миллион нафар камтар буд.

Бино ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Кор, теъдоди аз ҳама бештари бекорон дар қораи Осиё ба қайд гирифта шудааст. Дар Осиёи ҷанубу шарқӣ, ба шумули Чин, шумораи афроди бекор 3,3 фоиз афзудааст. Теъдоди одамони бе ҷойи кор дар Ховари Миёна низ афзоиш ёфт.

Дар Аврупои Шарқӣ шумораи бекорон наздики 8 дар сади неруи кориро ташкил медиҳад. Дар кишварҳои собиқ коммунистии Аврупо сатҳи бекорӣ аз 9 аз даҳ 4 то 9 аз даҳ ду фоиз коҳиш ёфтааст. Дар Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди паси сар шудани мушкилоти иқтисодии ду соли ахир бекорӣ ҳудуди 6 дар садро ташкил дод.

Дар гузориши Созмони Ҷаҳонии Кор гуфта мешавад, теъдоди афроде, ки маоши рӯзонаи онҳо 1 доллари амрикоиро ташил медиҳад, қариб, ки тағйир нахурда, ҳудуди 550 миллион нафар аст. Созмони Ҷаҳонии Кор ҳушдор медиҳад, ки ба вижа бекорӣ миёни ҷавонон метавонад, ба таркишҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои гуногун сабаб шавад.

Вазъ аз ҷумла дар Африқо нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар санад омадааст, тули 12 соли оянда дар минтақаи Саҳрои Кабири Африқо, ки теъдоди бекорон наздики 11 дар сади неруи кориро ташкил медиҳад, бояд 8 миллион ҷойи кори нав таъсис шавад. Дар акси ҳол татбиқи барномаи ҷаҳонии то соли 2015 ҳадди аққал ду баробар коҳиш додани афроди бекор ба нокомӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба ҷойҳои нави кор Тоҷикистон низ сахт ниёз дорад, ҳарчанд, ба гуфтаи Ҳалимҷон Раҳимов, раиси Маркази шуғли аҳолии вазорати кор, дар кишвар расман 51 ҳазор бекорон сабти ном шудаанд.

Вай мегуяд: "Сатҳи бекорӣ дар кишвар соли гузашта 11 дар садро ташкил медод, ин шумораи онҳоест, ки расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд."

Мақомоти расмии Тоҷикистон иқрор мекунанд, ки теъдоди бекорони сабти ном нашуда даҳҳо баробар бештар аст. Аз ташаннуҷи иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро имрӯз фақат як омил нигаҳ медорад - ҳамасола афзудани теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Руссия ва дигар кишварҳо.

XS
SM
MD
LG