Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба таъсиси пойгоҳи Русия омода аст



Мирзои Салимпур



Муовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон Рамил Нодиров мегуяд, раҳбарияти Душанбе барои табдили дивизияи 201-уми артиши Русия ба пойгоҳи низомии он кишвар дар Тоҷикистон омода ҳаст. Оқои Нодиров изҳори умедворӣ кард, ки асноди марбута ба таъсиси ин пойгоҳ дар соли равон билохира мувофиқат хоҳанд шуд.

Рамил Нодиров афзуд, Тоҷикистон ба идомаи ҳузури низомии Русия дар қаламраваш манфиатдор аст.

Музокироти байни Маскаву Душанбе дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон инак 5 сол аст идома дорад.

Рамил Нодиров ҳамчунин хабар дод, ки Русия феълан имкони дар Тоҷикистон таъсис додани як маркази минтақавии тармиму навсозии тупхонаҳо ва зиреҳпушҳои низомиро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG