Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нисфи аҳолӣ намаки йоднок надорад



Раҳматкарими Давлат



Аз камбуди намаки ёднокшуда панҷоҳ дарсади аҳолии Тоҷикистон ранҷ мебарад. Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдоштии Тоҷикистон - зимни баргузории як конфронси байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе бо баёни ин матлаб гуфт, муҷаҳҳазсозии корхонаҳои намак бо технологияи пешрафта, йоднок кардани намак ва афзоиши қувватнокии ғизо ба як масъалаи умда дар ин кишвар табдил шудааст.

Оқои Файзуллоев мегуяд: "Аз набудани йод нисфи аҳолӣ ранҷ мебарад, вале сад афсус ҳама вазнинии ин проблемаро намефаҳманд. Камйодӣ беҳад зарари калон мерасонад, аз ҳама вазнинаш ин интеллект ва ё ақли шаҳрвандони Тоҷикистон, қобилияти дарки онҳо кам шуданаш мумкин."

Аммо камғизоӣ ва камйодии намак бештар аз ҳама ба гуфтаи ширкаткунандагони ин конфронс, ба занони ҳомила ва тифлони навзод таъсир гузоштааст. Саломат Қосимова мудири маркази эндокринологии Тоҷикистон мегуяд: "Шасту ҳафт дарсади занони ҳомилаи мо ба бемориҳои ношӣ аз камбуди намаки йоддор гирифтор мебошанд. Ва тифле, ки аз чунин занон ба дунё меояд, аллакай ба камбуди йод дар организмаш дучор аст. Ва ин барои кудак оқибатҳои бисёр вазнин хоҳад дошт. Чунин кудакон метавонанд, ба осонӣ гирифтори маризиҳои қалбӣ, равонӣ ва узвҳои ҳозима шаванд. Камбуди ёд дар организми занони ҳомила дар бисёр маврид боиси таваллуди зудҳангом, хунравӣ ба ҳангоми зоиш ва ҳатто марги занон мешавад."

Аммо дар ҳамин ҳол ба гуфтаи масъулини вазорати беҳдоштӣ, як қатор барномаҳо дар ҷиҳати ҳалли ин мушкил бо кумаки созмонҳои байналмиллалӣ руи даст мебошад. Аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои ин барнома дар ихтиёри Тоҷикистон 700 ҳазор доллар қарор додаст.

Абдусалом Воҳидов - ҳамоҳангсозии миллии Бонки Осиёӣ дар Тоҷикистон мегуяд: "Аз руи лоиҳаи мо бояд, ки 66 фоизи аҳолии Тоҷикистон бо намаки йоднок таъмин шавад, 33 фоизи аҳолӣ бояд бо орди ғизонокшуда таъмин гардад."

Конфронси байналмиллалии бахшида ба масоили такмили таркиби ғизо ва йодноксозии намак дар Тоҷикистон, ки бори аввал бо ибтикори вазорати беҳдошти ин кишвар ва мусоидати Бунёди ҳимоят аз кудакони Созмони Миллали Муттаҳид ва Бонки Осиёии Рушд баргузор мегардад, рузи ҷумъа низ ҳамчунон ба кори худ идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG