Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико боз ба Душанбе таҷҳизот мефиристад



Сафаргул Олимӣ



Шоми панҷшанбеи 22 январ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як ҳавопаймо суи Душанбе рахсипор мегардад, ки ҳомили беш аз 10 тонна кумакҳои тиббӣ иборат аз таҷҳизоти дармонӣ ва даво аст.

Бар пояи иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ин иқдоми ҳукумати Амрико дар чаҳорчубаи шартномаи ҳамкориҳои иқтисодиии миёни Тоҷикистон ва Амрико, ки соли 2002 ба имзо расидааст, сурат гирифтааст.

Малика Маҳкамбоева - масъули барнома кумакҳои башардустонаи ҳукумати Амрико дар Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт: "Кумаке, ки ҳавопаймои мазкур меорад, ба қиммати беш аз 3 миллион доллар маводи табобатӣ, ашёву таҷҳизот барои табобатхонаҳо ва доруву даво иборат мебошад."

Қарор аст, ин кумакҳои башардустона ба 10 табобатхонаи марказии дар пойтахт ва ноҳияҳои Кофарниҳон, Файзобод, Вахш, Совет, шаҳри Қурғонтеппа ва чанд ноҳияи водии Рашт тақсим карда шавад.

Хонум Маҳкамбоева афзуд, соли сипаришуда чаҳор ҳавопаймо ҳар кадоме ҳомили беш аз 10 тоннагӣ бор, иборат аз доруву даво ва таҷҳизоти соҳаи беҳдоштӣ ба Тоҷикистон омада буд ва интизор меравад, дар тули соли равон чунин кумакҳо аз ҷониби ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон расонда шаванд. Кумаки беҳдоштии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тариқи созмони амрикоии "Умед" ба ниҳодҳои тандурустии Тоҷикистон тақсим карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG