Пайвандҳои дастрасӣ

Шатранҷбозӣ ва ё тағйироти кадрӣ



Раҳматкарими Давлат

Коршиносони тоҷик тағйироти кадрӣ дар ҳукуматро на ислоҳот, балки як тағйироти оддӣ медонанд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон таъйиноти ашхоси нав ба мақомоти давлатро, ки ахиран сурат гирфтааст, ба навъи мухталиф таъбир мешавад. Аз як тараф касе ин тағйиротро ҳатто як гуна ислоҳоти кадрӣ, вале ҳамзамон ашхосе дигар ин иқдомро як гуна ҷойивазкунӣ дар мақомоти давлатӣ тафсир мекунанд. Дар иттилоияи дафтари дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз таъйиноти нав, ба унвони василае барои ҷилавгирӣ аз ташаккули дубораи девонсолорӣ ва пуштибонӣ аз тафаккури нав ва усули шоистасолорӣ унвон шудааст.

Аммо Давлатшо Шонусайриев, як таҳлилгари тоҷик мегуяд, дар таъйини афрод ҳамоно усули садоқатсолорӣ риоят шудааст, то усули шоистасолорӣ. Ба назари у, дар таъйини афрод ба мақомоти давлатӣ бештар ин масъала матраҳ аст, ки касоне, ки таъйин мешаванд, то чӣ ҳад ба мақомоти олӣ садоқат доранд. Оқои Шонусайриев ба муваффақияти ин иқдом, ки онро тағйирот медонад, на ислоҳот хушбин нест: "Таҷрибаи ҳамин солҳои ахир нишон медиҳад, ки аз ҳамаи ҳамин тағйиротҳои кадрие, ки ҳукумат мегузаронад, то имруз ягон ҷиҳати мусбат надодаанд, ягон манфиат надодаанд. Ин ба ҳама маълум аст, ки ҳамаи ин мисли пештара як бозии шатранҷ аст ва барои ҳамин дар оянда онҳое, ки ҳам омаданд, шояд тули чанд вақт иваз мешаванд. Умуман ҳукумат сиёсати мукаммали кадрӣ надорад. Аз ин ру ҳамаи тағйиротҳои кадрие, ки ба вуқуъ мепайвандад, натиҷа намедиҳанд."

Ба назари ин таҳлилгар, ба зудӣ табдил кардани кадрҳо натиҷаи мусбат намедиҳад. Зеро масъулин баъзан бидуни ин ки фурсати ошноӣ ба шароити кор ва роҳбарӣ хусусан дар маҳалҳоро пайдо кунанд, фармони барканории онҳо аз ҷониби раиси ҷумҳур содир мешавад.

Исмоил Раҳматов, коршиноси дигари тоҷик, низ мегуяд, агарчанд ин як тағйироти навбатист, ки дар аввали ҳар сол сурат мегирад, аммо боз ҳам муҳим аст ва ин навбат ба назар мерасад, ки роҳбарияти сиёсии кишвар бо азми қотеътаре ба таъйини кадрҳо муносибат кардааст: "Мақсад ҳам ҳамин аст, ҷалб намудани неруҳои нав, неруҳои солим, ҷавонон ба ҳукумат ба давлат. Пеш аз ҳама он вазироне мераванд, ки аз уҳдаи кор намебароянд."

Вале таҳлилгарони насли нав бо хушбинии бештаре ба тағйирот менигаранд ва инро як ҷуръати сиёсии роҳбари давлат медонанд. Фахриддини Холбек таҳлилгари сиёсии нашрияи "Рузи нав" муътақид аст, ки билохира роҳбарияти сиёсии кишвар ба асари таҳлил ва натиҷагирӣ аз вазъи ҷомеа ва гароиши муносиботи байналмиллал ба ин бардошт расидааст, ки бояд ба ислоҳоти тафаккур дар сатҳи роҳбарии ҳукумат даст бизанад.

Оқои Холбек мегуяд, акнун андак-андак дар интихоби кадрҳо ҳукумат ба пазируфтани усули шоистасолорӣ тан дар медиҳад: "Замони нав шахсиятҳои навро талаб мекунад, мушкилоти дар ҷомеа ҷамъ шуда ҳам ҳалли худро талаб мекунанд ва дар ин роҳ тарзи шоистасолорӣ, интихоби мутахассисон бештар ба дард мехурад, барои инкишоф додани раванди рушди ҷомеа.

Аммо ба назари коршиносон, пешрафти соҳоти мухталифи ҷомеа ҳануз ба тағйирот ва ислоҳоти куллӣ дар мақомҳои калидии ҳукумат ниёз дорад. Оқои Холбек ҳамчунин мегуяд, фурсати он низ фаро расидааст, ки кадрҳои таҳсилкарда дар донишгоҳҳои хориҷ хусусан ғарб, ки аксаран бекор мондаанд, ҷойи котибони райкомҳои собиқро, ки аксари курсиҳоро дар сатҳи мухталифи идораи ҳукумат ишғол кардаанд, иваз кунанд.

XS
SM
MD
LG