Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Таррақиётро сабти ном накарданд



Абдуқайюми Қайюмзод



Вазорати адлияи Тоҷикистон аз сабти номи Ҳизби Тараққиёт худдорӣ кардааст. Султон Қувватов - раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон ба таъхир андохтани сабти номи ин ҳизбро аз ҷониби вазорати адлия як амали ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.

Қарор буд, пас аз гузашти як моҳи ироаи асноди ин ҳизб вазорати адлия дар таърихи 18 январ тасмими худро эълом мекард. Аммо Рустам Менгалиев муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар ин робита гуфт, ки то кунун баррасии асноди Ҳизби Тараққиёт идома дорад ва феълан дар ин бора чизе дақиқ гуфта наметавонем: Мо санҷишро тамом накардаем, тамом кардем, эъломи расмӣ хоҳем дод. Агар вай (Султон Қувватов) фикр кунад, ки мо ғайриқонунӣ рафтор кардем, ба суд муроҷиат кунад."

Султон Қувватов - раиси ҳизби мазкур мегуяд, далели худдорӣ аз сабти номи ҳизб камбуди аснод нест, зеро вазорати адлия дар ин муддат воқеияти беш аз ҳазор аъзои ҳизбро дар манотиқи гуногуни кишвар хона ба хона санҷида ҳеҷ гуна иштибоҳеро пайдо накардааст.

Вай таъкид кард, дар дидоре, ки 18 январ бо вазири адлияи Тоҷикистон доштааст суҳбат сари мадорики ҳизб набуда, балки Халифабобо Ҳомидов муҳлат хостааст, то дар ин замина мувофиқати раиси ҷумҳурро ҳосил кунад.

Султон Қувватов гуфт: "Рузи ҷумъаи гузашта мо бо Ҳомидов вохурӣ доштем, вай гуфт, то замоне ки аз раиси ҷумҳур иҷозат нагирам, ягон хел ҳуҷҷат барои шумо имзо намекунам. Ман ба у гуфтам, ҳамин ваколатро раиси ҷумҳур ба шумо додаст, агар намедод, шуморо вазир таъйин намекард. Вақте шуморо вазир монданд, аз вазифаатон суистифода накунед, шумо се сол мешавад, ҳамин хел моро азоб дода истодаед. Шумо фикр кунед, ки чӣ қадар пул харҷ мешавад, чӣ қадар зарари маънавӣ мешавад, харҷи инро кӣ медиҳад."

Султон Қуватов гуфт, тайи се сол аст, ки вазорати адлия бо баҳонаҳои мухталиф аз сабти номи Ҳизби Таррақиёт ҷилавгирӣ ба амал овардааст. Вай дар посух ба назари оқои Менгалиев, муовини вазири адлияи кишвар дар мавриди ҳаққи муроҷиат кардан ба додгоҳ гуфт, ба далели мустақил набудани додгоҳҳо дар Тоҷикистон муроҷиати мо ба ин ниҳодҳои давлатӣ беҳуда аст.

Ёдовар мешавем, ки конфронси навбатии муассисони Ҳизби Тараққиёт дар авоили моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе, бо ширкати беш аз ҳафтод вакил аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG