Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Водии марг



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Бемории сил дар чанд деҳаи ноҳияи Восеъ раҳпаймоӣ дорад, оилаҳои комилро аз байн бурдааст ва ҳамчунон нобуд мекунад.

Садои навҳаву нола ва суруди мотамии ҳазин қариб ҳамаруза аз деҳоти Учқун, Ғелот, Пушёни Поён, Пушёни Боло, Пушёни Миёна ва Кафтархонаи ноҳияи Восеъ баланд мегардад ва ба деҳоти атрофу акноф гуё ҳушдор медиҳад, ки дар ин мавзеъ дарду андуҳ, маргу мир ҳукмрон аст. Ин мавзеъест, ки дар минтақаи Кулоб бо унвонии "Ун руйи Об" ва ё худ " Водии Марг" маъруф аст. Ин мавзеъест, ки аҳолии дигар деҳот ҳатто аз вуруд шудан ба он худдорӣ мекунанд, волидайн кудаконро ҳушдор медиҳанд, ки ба ин минтақа ҳудуди тиррас наздик нашаванд ва худ ҳам ба тую сури ин мардум намеоянд ва агар оянд ҳам аз оши худоӣ тановул намекунанд, об наменушанд, ва баробари бозгашт ба деҳаи худ, либосу дасту оринҷи худ бо собун мешуянд...

Деҳоти Учқун, Ғелот, Кафтархона, Пушёни болову поину миёна дар ҳалқаи доми марг мавқеъ гирифтаанд. Сокинони деҳот мегуянд, қариб ҳар ҳафта дар ин мавзеъ нафаре аз олам реҳлат мекунад. Ҷанозахабарҳо суи деҳоти акноф мешаванд ва мардумро ба салоти ҷанозаи муъминин даъват мекунанд. Мусафедони ҷанозахабар мегуянд, шудааст ҳолате ки дар як руз чанд нафар аз олам гузаштаанд.

Як марди солхурда, ки сокини шаҳри Кӯлоб аст, мегуяд: " Дар як ҳафта то ду се бор ба ҷаноза меоем. Ина ҳамин ҷо Ҷомӣ Боборо ҷаноза карданд, ин хонаи шафат-хонаи акаи Қурбоналӣ буд. Аввалиро гур карда омадем, ки гуфтанд, акаи Қурбоналӣ фарёд дорад, то омадам, ки у ҳам ҷон дод. Дар як руз ду мурда бароварданд. Ҳоло дар ин хона акаи Саидасрор мешинанд, чунки ҳамаи хонаводаи акаи Қурбоналӣ мурданд, одамаш буд шуд. Занаш мурд, духтарҳояш мурданд."

Деҳаи Учқуни хоҷагии Сартези ноҳияи Восеъ бо ҷамиъи 115 хоҷагӣ ҳомили марази сил аст. Тули се соли ахир тибқи иттилоъи худи аҳолии маҳалла, теъдоди фавтидагон аз 200 нафар гузаштааст.

Қиёмиддин Муродов, як тан аз сокиниони деҳа мегуяд, дар мавзеъ ҳастанд, хонаводаҳое, ки тули солҳои ахир комилан нест шудаанд. Ба гуфтаи Қиёмиддин Муродов, дар Учқун 9 хонавода, ки мубтало ба сил будаанд, комилан маҳв шудаанд: "Умри миёнаи мардуми мо 18-20 сол аст, агар дар маҷмуъ бигирем. Ман руйхати оилаҳоеро дорам, ки тамоман нест шудаанд. Масалан дар аз хонаводаи Шарипов Кашам ронандаи колхоз 11 нафар ҳалок шуд." Вай як руйхати тулониеро нишон дод, ки дар он аъзои ҳалокшудаи чандин хонавода номнавис шудаанд.

Ва аммо маргу мири мардумро дар ин деҳот бо ҷурми сил намедонанд. Масъулин амдан марҳумонро касали қанд, зардпарвин, талбарза мехонанд. Чаро? Ин суолест, ки худи сокинони маҳаллаҳо ба он ҷавоб меҷуянд.

Миралӣ Куганов - мударриси мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 8 деҳаи Ғелот мегуяд: "Дар деҳаи мо маризони сил нисбат ба Учқун боз бисёртаранд. Ҳатто ҳастанд, хонаҳое, ки қариб холӣ шудаанд. Одам намондааст дар онҳо. Кудакон мурданд, калонсолон мурданд."

Миралӣ - мусоҳиби ман, маро наздики қабристони деҳа меорад ва як далели раднопазирро ба ман муаррифӣ мекунад. У бо даст суи мазор ишора карда, мегуяд, ки тули се соли ахир қабристон пур шудааст: "Қабристоне, ки холӣ буд, дар ҳамин 3-4 соли ахир пур шуд. Қабристон пурра пур шуд!"

Тули ду сол дар деҳаи Ғелот 168 нафар фавтидааст, ки аксари онҳо бемори сил будаанд. Дар ҳамин маврид, дар бемористони амрози сили минтақа, воқеъ дар шаҳри Кулоб 20 тан аз толибилмин ва мударрисини мактаби таҳсилоти ҳамагони деҳа бистарианд.

Мирзораҳим Саидов - омузгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии раками 42 воқеъ дар деҳаи Учқун мегуяд, макотиб дар мавзеъ сарчашмаи фарогиршавии сил мегарданд. Зеро атфоли мариз дигар шарикдасрони худро метавонанд, заҳролуд кунанд: "Одинаев Қурбоналӣ гуфтанӣ муаллим буд, ки аз ҳамин касали сил вафот кард. Муаллим Ҳалимов Ҳайталӣ мурд, аз ҳамин дард. Дар ҳамин мактаб боз аз ҳисоби созмони "Наҷоти кудакон" хурокворӣ медиҳанд. Мо гуфтем, ки ҳамин хуроквориро тавре тайёр кунед, ки кудакон аз як коса нахуранд, то ки мараз сироят накунад ба онҳо. Аммо шумораи хонандагон 110 нафар мебошад ва ҳамаи онҳо аз 30 қошуқу 30 коса мехуранд. Дар аксари маврид, ҳамин зарфҳоро ношуста ба дигар кудакон хурок медиҳанд, ки аксари атфол касал ҳастанд ва боқимондаҳоро касал мекунанд."

Тибқи иттилоъи расмии бунгоҳи тиббии Хоҷа Сартез, дар ҳамин деҳа 500 нафар мубтало ба марази сил будаанд. Фариштамоҳ Азимова - корманди бунгоҳ мегуяд, ин дар мавридест, ки маризони бо ҳамин иллат фавтидаро номнавис намекунанд. Чаро?

Ато Табаров - мудири шуъбаи тандурустии шаҳри Кулоб ба ин суол рушноӣ меандозад. У мегуяд, марази сил дар тибби ҷаҳонӣ ҳамчун бемории иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст, яъне теъдоди афзоиши марази сил гувоҳ аст, ки вазъи зиндагонии мардум ҳамонгуна пасттар меравад.

Ато Табаров: "Бемории сил бемории иҷтимоист. Ин мараз 90 дарсад ба сатҳи зиндагонии мардум ва танҳо 10 дарсад ба табибон вобастагӣ дорад."

Яъне расман ба қайд гирифтани фавтидагон аз ҳамин мараз дархурди манофеъи ҳокимини маҳаллӣ нест. Зеро ноҳия ҳамчун мавзеъи сатҳи зиндагониаш хеле паст муаррифӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, фарогиршавии марази сил дар ноҳияи пахтакори Восеъ агар расман ба қайд гирифта шавад, пас ин мавзеъ бояд тағйири соҳа кунад. Яъне аз пунбакорӣ ба боғдориву чорводорӣ гузарад.

Миралӣ Куганов мегуяд, ҳануз соли 1980, замоне ки як кумиссиуни бонуфузи Маскав дар ин гушаи собиқ СССР 86 дарсади аҳолиро гирифтори сил эълом дошта буд, хоҷагиҳо аз пахтакорӣ ба боғдорӣ гузаштанд. Аммо истиқлолият мавзеъро дубора пахтакор кард.

Миралӣ Куганов: "Дар ҳамон давра қарори махсус баромад, ки хоҷагиҳои мо аз пахтакорӣ ба боғдорӣ гузаштанд. Аммо баъдан боз ба пунбакорӣ шуруъ карданд."

Ато Табаров мегуяд, деҳоти Учқун, Ғелот, Пушёни болову поён ва миёна ба сарчашмаи мараз табдил ёфтаанд, ки обу хоки мавзеъ хатарзо мебошанд: "Ун ҷоро эпидочаг мегуянд, манбаъ аст. Солҳои тулонӣ дар он ҷо ин манбаъ мавқеъ дошт. Ҳоло ҳам дар минтақа ноҳияи Восеъ бо теъдоди бемориҳои сил дар ҷои якум меистад. Ун қишлоқҳое, ки шумо номбар кардед, дар он ҷо мараз аз ҳисоби оби ошомиданӣ аст, ки об дар мавзеъ заҳролуд аст ва аз ҳамин ҳисоб мардум касал мешаванд."

Марази сил ҳамакнун дар ноҳия фарогир мешавад. Хоҷагиҳое ки 20 - 30 километр аз сарчашмаи сил дуранд, низ ба ҳамин беморӣ гирифтор мешаванд. Тули як соли ахир дар хоҷагии Тутгарак, 10 километрии маркази ноҳия 195 нафар бемори сил расман ба қайд гирифта шуданд.

Табибони бунгоҳи тиббии деҳа дар бастагӣ ба вазъ мегуянд: "Ин теъдоди ҳамон бемороне аст, ки худ ба бемористон муроҷиат кардаанд ва ба қайд гирифта шудаанд. Теъдоди нафароне, ки ба беморхона муроҷиат накарда, бо дигар усул табобат мекунанд, боз ҳам зиёд аст. Агар ҳамаи онҳоро мо ба қайд гирем, шумораи беморон беҳад бисёр мешавад. Барои пешгирӣ кардани сил бояд шиками халқ сер бошад, ҳамаи шароитҳо бирасад."

Дар ҳамин маврид, бо амри вазири ҷадиди тандурустӣ як кумиссиуни дигар авоили соли равон ба ду деҳаи Хоҷа Сартез ва Буалии Сино ташриф оварда, вазъи фарогиршавии силро дар мавзеъ хатарзо номид. Ин кумисиун 400 нафарро мавриди ташхис қарор дода, аксари мардумро бемор ёфт.

Ин дар мавридест, ки дар замони собиқ вазири тандурустӣ, Аъламхон Аҳмадов кумиссияи дигар дар соли 2000-ум ҳамаи бошандагони ин деҳотро саломат муаррифӣ карда буд.

Ва аммо ташхиси бемор роҳи ҳалли қазия нест. Ато Табаров - мудири шуъбаи тандурустии Кулоб мегуяд, барои шифои маризон ба бемористонҳо дар як шабонаруз 1 сомонӣ ҷудо шудааст, ки бо ин пул ягон мариз руи шифоро аз дур ҳам намебинад: "Як сомонӣ ҷудо шудааст, фарз кардем барои хӯрокворӣ 50 дирам ва барои доруворӣ 50 дирами дигар, ки ин басанда нест. Барои шифои комили як маризи сил 500 доллари амрикоӣ лозим аст. Зеро бемори сил бояд хуроквориҳои ғизодор хурад ва доруворӣ ҳам арзон нест."

Аз ҷониби дигар ҷавонони маризи мавзеъро комиссариати ҳарбӣ барои иҷрои нақшаи давъати тирамоҳӣ яккачин карда ба армия бурдааст. Аз артиш ҷавонон на танҳо маъюб шуда баргаштаанд, ки дигаронро ҳам сироят кардаанд. Бобои Салом -як сокини деҳаи Учқун мегуяд: "Соли 80-ум модари кудакон дар беморхона хоб кард, сил буд. Баъд се писар аз ҳамин зан ба дунё омада, ки мутаваллиди солҳои 1982, 1984 ва 1986 буданд, таи ду соли ахир аз олам гузаштанд. Модарашон ҳам вафот кард. Дар хонаи ман се фарзанди дигар мондааст. Ман дар хоҷагиам дигар ҳеҷ чиз надорам, танҳо ду мурғ монд. Гов буд, буз буд, гусфанд буд, аспи саворӣ доштам, ҳамаи ҳаминро дар табобати бачаҳо фурухта, харҷ кардам. Ҳамаи онҳо касаланд. Болои ҳамаи ин военком овард бачаи калонима повестка дод."

Вазъи хонум Сафармоҳ боз ҳам бадтар аст. Шавҳар ва ҳамаи фарзандони Сафармоҳ тули чанд сол аз олам гузаштаанд ва у ҳамакнун ягона писари маризашро саробонӣ дорад. Сафармоҳ ҳар субҳ ба майдони пахтазор шуда, кураки пахта ва ғуза ҷамъ меорад. У ин куракҳоро кафонда тавъам бо ғуза ба фуруш мезанад ва 2 сомонӣ дастмузд мегирад. Ин пулро барои табобати ягона писари бемору лоғараш сарф мекунад. Ҳамин моҷаро аксари бошандагони деҳоти маризро думболагир аст.

Тибқи иттилоъи расмӣ, тули 20 соли ахир, ки аз будани марази сил чашм пушидаанд, дар деҳоти Пушён 140 оила комилан маҳв шудаанд.

Қосим Одинахӯҷаев - духтури деҳаи Пушён - ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки тули 9 моҳ дар ҳамин се деҳа 42 нафар бо ҷурми ҳамин иллат фавтидаанд. Табиб афзудааст, ки тули 12 соли ахир дар мавзеъи хатарзо ягон нафар ташхиси флюоорографӣ надидааст ва теъдоди маризон муайян нест.

Шариф Рашидов - мудири бунгоҳи тиббии Хоҷа Сартез дар даст асноде дорад, ки ба он бовар кардан душвор аст. Тибқи иттилоъи расмии бунгоҳи тиббӣ, тули 9 моҳ дар ин беморхона 46 нафар маризи сил ба қайд гирифта шудаанд. Ва аммо асноди дигарро ҳам духтур Рашидов ба мо нишон медиҳад, ки мутобиқи он дар соли 2003 64 бемор фавтидааст.

Духтури деҳаи Кафтархона - мавзеъи ҳаммарз бо сарчашмаи сил, Зулайхо Шерматова мегуяд, аз якуним ҳазор сокини қишлоқ 50 дарсади мардум мубтало ба сил будаанд. Тули се соли ахир дар деҳа 18 нафар бо ҳамин иллат фавтидаанд.

Тоҳир Муродов - сокини деҳаи Учқун мегуяд, вазъ дар ин ҷо ба дараҷае печидааст, ки ҷавононро зудтар хонадор мекунанд, то қабл аз марг шаҳди висол чашанд. Дилафруз духтари Тоҳир бо ҳамин иллат шавҳар кардааст ва чанде баъд бо ду кудаки навзод ва шавҳари ҷавонаш фавтидааст: "Муродова Дилафрӯз, духтари калон доштам, ба шавҳар додемаш, қазо кард. Аз бемории сил фавтид. Мо духтармона ба як оилае додем, ки аҳли оила ҳама касали сил буданд. Духтарамро 8 моҳ дар беморхонаи амрози сил дар Кулоб кушиш кардем, ки табобат кунем, раҳо дода натавонистем, уро. Аз дунё гузашт. Ду то фарзанд дошт. Фарзандҳояш ҳам мурданд. Аз духтар ба ман ягон нишонае намонд."

Гулпарӣ як сокини дигари мавзеъ, ки сахт мариз аст, имруз ба сури арусӣ омодагӣ дорад. Гулпарӣ медонад, ки чи тақдире уро думболагир аст ва барои шавҳари ҷавон, аммо маризи худ камарбанди гулдӯзӣ таҳия дорад. Ҳар арус дар ин мавзеъ бояд ба шавҳар ингуна камарбанд бидузад, то пас аз чанде зери ҳамин гулдузӣ тобути ҷавононро суи пуштаҳои камари Хоҷа Сартез хоҳанд бурд...

XS
SM
MD
LG