Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, Тоҷикистон амнтар шудааст



Салими Аюбзод



Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон назар ба ду сол пеш беҳтар шудааст. Аммо Департаменти Давлатии ин кишвар дар эълони нави худ афзудааст, таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд доранд ва биноан сафорати Амрико дар Душанбе чорабиниҳои қавии эҳтиётиро идома медиҳад.

Дар эъломияи Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, падидаҳои хушунати сиёсӣ дар Душанбе ва дигар қаламрави Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд. Вале аъмоли имконпазири террористии зиддиамрикоӣ ҳамоно боқист ва аз ин рӯ шаҳрвандони Амрико пеш аз тасмим сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ бояд хатарҳои ин сафарро эҳтиёткорона баррасӣ кунанд.

Дар эъломия гуфта мешавад, Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки гумон меравад бо шабакаи Ал-Қойида иртибот дорад, дар Тоҷикистон фаъол мебошад.

XS
SM
MD
LG