Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 12 ҷинояткорро ба Русия супурд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Русия ва Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ҷинояткорӣ тайи як соли ахир дар хоки ҳамдигар ҳудудан сесад ҷинояткорро дастгир карда ва ба ҳамдигар таслим додаанд.

Ин оморро намояндаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Русия, генерал Рамазон Раҳимов, ширкаткунандаи конфронси байналмиллалии "Ҷомеаи байналмиллалӣ мухолифи ҷаҳонишавии ҷинояткорӣ ва даҳшатафканӣ" дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав эълом кард.

Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон 12 шаҳрванди Русия ва дар ин кишвар беш аз 200 атбои Тоҷикистон боздошт ва ба якдигар таҳвил шудааст, ки 26 нафари онҳо ба мутааллиқ ба гуруҳҳои террористӣ дониста мешаванд.

Дар он конфронси байналмиллалӣ Борис Милников - раиси Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, тайи суханронӣ хостори муқовимати дастаҷамъӣ бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҷиноёти марбут ба даҳшатафканӣ дар сатҳи байналмиллал шуд.

XS
SM
MD
LG