Пайвандҳои дастрасӣ

Падидаи таҳдид ба матбуот зуҳур кардааст



Раҳматкарими Давлат



Ба назари намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон, ахиран як падидаи таҳдид ба озодии матбуот зуҳур кардаст. Ин нигаронӣ зимни мулоқоти намояндагони матбуот бо мақомоти давлат таҳти унвони "Оё таҳдид ба озодии баён вуҷуд?" дорад, баён гардид.

Намояндагони рузонаҳо ва созмонҳои журналистӣ муътақиданд, ки бархурди ахири мақомот бо рузномаҳои "Неруи сухан" ва "Рузи нав" намунае аз таҳдид ба озодии матбуот аст. Умед Бобохонов - мудири хабаргузории "Азия плюс" - мегуяд: "Ба андешаи ман бархурди тули моҳҳои ахир ба матбуот, ба маънои огаҳие аз даст бурдани ҳукумат ба обилаи дарднок аст. Аммо ин кор на ба манфиати ҳукумат ва на ба манфиати матбуот анҷом нахоҳад шуд."

Аммо дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманнонов - мудири шуъбаи иттилооти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон - қазияи "Рузи нав" ва "Неруи сухан"- ро як масъалаи техникӣ медонад ва мегуяд, мақомот дар сар задани ин қазия саҳм надоранд ва ин ҳол ҳеҷ гуна мудохилаи мақомот дар маҳдуд кардани озодии матбуот нест. У қазияро як баҳси миёни рузнома ва нашриёт чун як корхонаи саноатӣ арзёбӣ мекунад: "Баъзе моҷароҳое, ки байни ду ҳафтанома ва матбааи "Шарқи озод" рух додааст ва инро ҳамчун фишори ҳукумат ва фишори мақомоти ҳукуматӣ ба матбуот дуруст нест. Раванди табиӣ аст ва ин гуна моҷароҳо дар ҳар кишвар рух медиҳанд."

Аммо Абураҳмон Абдуманонов ба суоли намояндагони "Рузи нав", ки оё номаи онҳо ба унвони раиси ҷумҳур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, натавонист посух бигуяд. У хиҷолатомез гуфт, ин гуна номаеро надидааст. Номае, ки дар аксари рузномаҳо нашр шуда ва ба гуфтаи масъулони "Рузи нав" рузи 3 декабр дар шуъбаи мактубҳои дастгоҳи раиси ҷумҳур ворид шудани он сабт шудааст. Фахриддини Холбек - муовини сардабири "Рузи нав" гуфт, нашриёти "Шарқи озод" як фишанги таъсирасонии ҳукумат ба матбуот боқӣ мондааст.

Ба ҳамин тартиб намояндагони матбуот изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар тули соли равон, ба далели наздик шудани замони интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, дар соли равон низ фишори мақомот ба матбуот афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи як хабарнигор дар ин нишаст, вазъи иқтисодӣ ҳамчунон бисёр фоҷиабор боқӣ мондааст ва матбуот вазифа дорад, инро бигуяд ва баррасӣ кунад. Ва дар муқобили он мақомот ду интихоб хоҳанд дошт, ё вазъро беҳбуд мебахшанд ва ё коре мекунанд, ки мушкилот аз ҷониби матбуот ифшо нагардад. Ва таъбан дар он сурат интихоби осонтар барои мақомот ҳамоно дамбаста кардани матбуот аст.

XS
SM
MD
LG