Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъи кумакҳои башарӣ 173 000 тонна шудааст



Мирзои Салимпур



Кумитаи омори Тоҷикистон мегуяд, тайи соли гузаштаи 2003-юми мелодӣ ин кишвар аз зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ва ба маблағи 119 милён доллар кумакҳои башарӣ дарёфт кардааст.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС, ношири ин хабар навишт, ки дар ин давра ба Тоҷикистон ба миқдори 173 000 тонна кумакҳои хайрия ворид шудааст, ки тақрибан 80 000 тонаашро орду гандум ва 7 700 тоннаи дигари онро руғани рустанӣ ташкил медиҳад.

Бақияи кумакҳои башарии ворида ба Тоҷикистон дар зарфи як соли гузашта аз пушоку пойафзол, анвоъи дигари маводи хурданӣ, ҷойи хоб, дорувор, маводи сухту васоили нақлия ва маводи сохтмон иборат будааст.

XS
SM
MD
LG