Пайвандҳои дастрасӣ

Рушди иқтисод порсол 10 дарсад шудааст



Мирзои Салимпур



Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегуяд, маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон тайи соли 2003-юми мелодӣ 10,2 дарсад рушд намуда, ба 4 миллиарду 757 милён сомонӣ баробар шудааст, ки муодили тақрибан 1 миллиарду 600 милён доллар аст.

Аммо ин миқдор танҳо ҳудуди 43 дарсади маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 1991, яъне дар соли фурупошии Иттиҳоди Шуравиро ташкил медиҳад.

Ҳамин вазорат мизони ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро дар зарфи соли гузашта ҳамагӣ 53 милён доллар ҳисоб кардааст.

Бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Ҳаким Солиев дар ҷаласаи солонаи ин вазорат вазъи кулли иқтисодиро дар кишвар ҳануз нособит унвон намуда, адами суботи мувозинати пардохтҳо ва таносуби манфии байни воридот ва содироти кишварро аз таҳдидҳои ҷиддие ба раванди бадастомадаи рушди иқтисодии Тоҷикистон хондааст.

Хабаргузории Интерфакс навишт, ки ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар як соли гузашта тақрибан 15 дарсад афзуда, 1 миллиарду 679 милён доллари амрикоиро ташкил дод, вале мизони воридот дар таркиби тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо содироти кишвар 83 милён доллар бештар будааст. 44 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2003 бо давлатҳои муштаракулманофеъ ва 56 фоизи боқиаш бо соъири мамолики хориҷӣ сурат гирифтааст.

Интерфакс аз қавли мақомоти кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегуяд, мизони таварруми пули сомонӣ дар як соли гузашта ҳудудан 14 дарсад ва мизони афзоиши нархи маҳсулот дар ин давра низ тақрибан ҳамин қадари дигар будааст. Аммо агар арзиши маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон тайи соли 2003 маҷмуъан 10 дарсад афзуда бошад, болоравии қимати арзаи хадамот дар ин муддат 53 фоизро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG