Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши Ҳизби Сотсиалист радд шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳисоботи солона дар мавриди фаъолияти Ҳизби Сотсиалисти ин кишварро рад кардааст. Масъулини ҲСТ мегуянд, ба ҳангоми қабули гузориш аз фаъолияти солонаи ҳизб вазорати адлияи Тоҷикистон аз онҳо феҳрасти 1000 нафар аз аъзои онҳоро низ тақозо кардааст. Мирҳусейн Нарзиев, раиси ҲСТ ин тақозои вазорати адлияро ғайриқонунӣ ва онро як навъи фишори навбатӣ алайҳи аҳзобии сиёсии кишвар арзёбӣ кард.

Мирҳусейн Нарзиев ин пешшартҳои вазорати адлияро як навъ баҳона ва мониасозии ҷадид дар роҳи фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар дар остонаи интихоботҳои қарибулвуқуъи парлумон ва раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон медонад. Ба гуфтаи вай, иллати дигари мониасозии вазорати адлия дар роҳи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ҷилавгирӣ аз ташкили эътилофи ин аҳзоб барои баргузории интихоботи шаффоф мебошад.

Оқои Нарзиев афзуд, мо аз назари теъдоди аъзо мушкил надорем, вале ба далели мушкилоти молӣ ва камбуди имконот наметавонем дар ҳоли ҳозир аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон руйхати аъзои ҳизбро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди вазорати адлия кунем.

Оқои Нарзиев дар мавриди теъдоди аъзои ин ҳизб гуфт, дар замони ҳаёти Сафаралӣ Кенҷаев, муассиси ҳизби сотсиалист дар соли 1996 ин ҳизб ҳудуди сӣ ҳазор аъзо дошт. Аммо ба думболи террори Сафаралӣ Кенҷаев бисёр афроди мансабпараст ба ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ пайваста, бархеи дигараш аз тарс сафи ҳизбро тарк карданд.

Ва аммо ба назари коршиносони сиёсӣ, Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон, ки бар асоси маҳбубияти раҳбараш поягузорӣ шуда буд, бо аз байн рафтани раҳбари аслии он дигар наметавонад дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нақши муассире бозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG