Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШЕРАЛӢ ХАЙРУЛЛОЕВ БО ШТЕКЕЛ МУЛОҚОТ КАРД



Раҳматкарими Давлат



Дар мулоқоти роҳбари низомиёни Олмон дар Афғонистон бо масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон масъалаи ҳамкориҳои низомии ду кишвар баррасӣ шудааст. Зимни ин мулоқот Фрид Штекел - раҳбари нируҳои Олмон дар Афғонистон - изҳор кардааст, ки кишвараш омодааст, ҳамкориҳои низомии худ бо Тоҷикистонро густариш бахшад.

Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон - рузи 15 январ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Худи олмониҳо хоҳиш карданд, мо гуфтем, мо омода ҳастем, марҳамат. Кадом соҳаҳои ҳарбӣ маъқул аст, навишта диҳед, мо омухта бароем, баъд ҳамкорӣ мекунем. Бинем, ки ба фоидаи давлати мо аст, ба фоидаи вазорати мо аст, ҳамкорӣ мекунем."

Фрид Штекел изҳор кардааст, ки ҷониби Олмон метавонад, дар марҳилаи аввал дар омузиш додани сарбозони тоҷик ба вазорати дифоъи Тоҷикистон кумак кунад. Ҳамкориҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон бо Олмон аз 10 соли пеш оғоз шуда, вале то кунун густариши чандоне наёфта ва дар сатҳи кумаки Олмон ба сарбозони тоҷик маҳдуд будааст.

Зимни ин мулоқот ҳамчунин авзои амниятӣ ва низомии шимоли Афғонистон низ баррасӣ шудааст. Сарбозони олмонӣ дар ҳайъати нируҳои таъмини амният дар шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон ифои вазифа мекунанд ва бинобар далели ҳаммарз будани вилояти Кундуз бо Тоҷикистон ҷониби Олмон хостори ҳамкорӣ ва кумаки Тоҷикистон дар анҷоми маъмурияти ин нируҳо шудааст.

Ба гуфтаи масъулини вазорати дифоъи Тоҷикистон, яке аз самтҳои ҳамкорӣ дар ин замина ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки ҳарду ҷониб ба он мувофиқа кардаанд. Аммо бар назари бархе аз масъулин, имкон дорад, дар оянда масъалаи таъмини нируҳои олмонӣ дар шимоли Афғонистон ва истифодаи қаламрави Тоҷикистон дар икмоли ин нируҳо низ мавриди музокира қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG