Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ШАҲРДОРӢ СОКИНОНИ ЯК БИНОРО МЕКУЧОНАД



Абдуқайюми Қаюймзод



Беш аз сад нафар сокинони як бинои чаҳорошёнаи пойтахтро ба таври зурӣ аз манозили худ ихроҷ хоҳанд шуд. Сокинони ин бино, ки дар хиёбони Айнӣ 104-и шаҳри Душанбе воқеъ аст, мегуянд, мақомоти шаҳрдорӣ ба далели осебзадагии ин бино, вале бидуни таъмини ин афрод бо манзили ҷойгузин онҳоро таҳдид ба ихроҷ кардаанд. Масъулини ҳукумат қасд доранд, 24 хонаводаи маскун дар ин биноро дар кудакистонҳои шаҳри Душанбе ҷобаҷо кунанд.

Аммо сокинони ин бино муътақиданд, ки дар сурати берун рафтан аз ин бино, онҳо ҳаргиз соҳиби манзил нахоҳанд шуд ва инак беш аз як моҳ аст, ки миёни мақомоти ноҳияи Сино ва истиқоматкунандагони бинои мазкур баҳсу талошҳо атрофи сарнавишти онҳо идома дорад.

Дар ҳамин ҳол рузи 14 январ масъулини қудратии шаҳрдорӣ ба сокинони ин бино барои бори ахир ихтор доданд, ки дар сурати тахлия накардани бино об, барқ ва гази онҳо қатъ ва онон маҷбур ба тарки манозили худ хоҳанд шуд.

Яке аз сокинони ин бино, ки гиря гулугираш карда буд, дар ин замина мегуяд: "Вақте ки мо баён кардем, фикри худро ки ба кудакистон намеравем, зеро шароити ин ҷо мувофиқ нест ба талаботҳои мо, таҳдид карданд, ки газу барқу обро қатъ мекунанд."

Хонум София Баурини бознишаста, ки дар ивази чилучаҳор соли заҳмат дар корхонаи нассоҷӣ аз соли 1963-и асри гузашта дар ин бино зиндагӣ мекунад, гуфт: "Мо танҳо як роҳ дорем, ки дастаҷамъӣ дар майдони назди ҳукумат барои ҳифзи ҳуқуқи худ эътироз намоем, то замоне, ки ба мо манзил надиҳанд. Онҳо моро бо додситонӣ ва пулис таҳдид ба ихроҷ мекунанд, вале агар маро бо туфангу автомат тирборон кунанд, ман аз хонаи худ берун нахоҳам шуд."

Аммо Қузибой Рузиев - муовини аввали додситонии ноҳияи Роҳи Оҳани пойтахт, ки рузи 14 январ аз ин бино боздид ва бо сокинони он мулоқот кардааст, мегуяд мо онҳоро таҳдид накардаем ва ҳеҷ кас ҳуқуқи бо зурӣ рондани ин афродро аз хонаҳои худ надорад.

Сокинони ин бино бо ишора ба такрори чунин ҳодиса ва бехонаву дар мондани дигарон дар ҳамин маҳаллаи пойтахт, ё ин ки пардохти маблағи ночиз дар ивази манзил мегуянд, мо ба ваъдаҳои масъулин бовар надорем.

Сокинони бинои Айнӣ 104-и шаҳри Душанбе дар ин маврид ба шаҳрдори шаҳри Душанбе борҳо муроҷиат кардаанд, вале то кунун посухе дарёфт нашудааст ва ҳоло онҳо қасд доранд, ки дар ин замина ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят баранд.

XS
SM
MD
LG