Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви имтиёзоти собиқадорони ҶБВ



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ин амри ҳукумат барои собиқадорони ангуштшумори ҷанг кушанда будааст.

Сокини кучаи Корвонгузари Кулоб, Ғулом Шарипов, дар синни 80 солагӣ тавассути ароба об мекашад. Ягона ҷиҳати фарқкунандаи Бобои Ғулом аз дигар муйсафедони чалакбадаст ин аст, ки сари синаи уро беш аз 20 ордену медал оро медиҳанд. Бобои Ғулом анқариб қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аст. У барандаи ордени Ленин аст. Ин орденро у дар қатори медалҳо дар сари сина ҷой намедиҳад, зеро метарсад, ки онро аз кители ҳарбиаш медузданд. Ордени Ленин аз тиллост ва борҳо дуздон кушиш кардаанд, ки акси Ленинро аз Бобои Ғулом ё харидорӣ кунанд ва ё рабоянд.

Бобои Сафар, сокини ноҳияи Бохтар аст, аммо дар Душанбе мардикорӣ дорад. Бобои Иброҳим дар бозор пиставу донаи офтобпараст мефурушад. У ҳам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Аммо медалу орденҳои худро танҳо дар рузҳои ҷашни Зафар - 9 май ва 22 апрел, рузи таваллуди Ленин ба бар мекунад. Бобои Иброҳим шарм медорад, ки ҳар руз бо ордену медалҳо семичкафурушӣ кунад. Барҳамзании имтиёзҳои собиқ размандагон дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, ҳудуди 3.000 нафарро дар Хатлон иҷборан ба ҳаммоливу бозорнишинӣ, мардикорӣ ва машкобӣ бурд.

Ин дар ҳолест, ки Зокир Вазиров - муовини сарвазири кишвар тули ҳафтаи ҷорӣ дар Хатлон аст ва тавассути телевизион ва радиои вилоят ба кампиракону мусафедони синнашон аз 80 беш дуруст ва саривақтӣ будани амри ахири ҳукумати марказиро перомуни барҳам задани имтиёзҳои собиқадорони ангуштшумори Ҷанги Бузурги Ватанӣ мефаҳмонад.

Аз ҷониби дигар сару садоҳои норизо ба гуши масъулин ҳам расид. Дар ин зимн ҳукумати вилояти Хатлон барои 2.780 нафар собиқадори ҶБВ беш аз 54.000 сомонӣ, ҳудуди 18.000 доллари амрикоӣ кумак барои як бор, ҳудуди 20 сомонӣ сари як кас ҷудо кард.

Анзурат Ашурова сухангуи раиси ҳукумати вилояти Хатлон дар бастагӣ ба мавзуъ мегуяд: "Сатҳи зиндагии пиронсолон, маъюбон, иштирокчиён ва оилаҳои бесаробонмондаи собиқадорони ҶБВ ҳамеша дар мадди назари ҳукумати Хатлон аст. Бо мақсади расонидани кумаки якдафъаина ба онҳо аз ҳисоби фонди захиравии раиси вилоят 54.540 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ба ҳар яке дар ҳаҷми 20 сомонӣ муқаррар гардида буд."

Ҳакимҷон Мирсаев - раиси идораи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилояти Хатлон мегуяд, дар кишвар усулан имтиёзҳоро барҳам назадаанд, балки онҳоро тағйир додаанд. Аммо адами таблиғот дар мавзеъ ба норизоии мардум мусоидат кардааст: " Қайд кардан шарт ва лозим аст, ки нисбат ба иштирокчиёни ҶБВ ҳеҷ гуна имтиёз барҳам нахурдааст. Шакли дигари расонидани имтиёзҳо ба ин гуруҳи аҳолӣ ҷорӣ гардидааст. Аз он ҷумла ба онҳо мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003 таҳти рақами 525 ба нафақапулии моҳонаашон ба андозаи 15 сомонӣ зам карда мешавад. Ва ҳамин 15 сомонии изофапулӣ талофии имтиёзи нархи барқу газ аст."

Ҳакимҷон Мирсаев мегуяд, аз тағйири имтиёзҳо собиқадорони ҶБВ танҳо бурд мекунанд: "Аз ин ҳолат ҳамаи иштирокчиёни ҶБВ дар деҳот бурд мекунанд. Зеро мо медонем, ки гази табиӣ ба ҳама дастрас набуд. Ва аз ҳамин 15 сомоние, ки ба таври нақд ба дасти онҳо дода мешавад, онҳо имконият пайдо мекунанд, ки ё газ пайдо кунанд, ё сузишворӣ пайдо кунанд ва ё ҳезум пайдо кунанд. Яъне ин маблағро, ки дар як сол 160 сомониро ташкил мекунад, ба таври дилхоҳ метавонанд, мавриди истифода қарор диҳанд."

Ва аммо ин тағйирдиҳии имтиёзот дархурди Бобои Ғулому Бобои Иброҳим нест. Онҳо мегуянд, маоши бознишастагии онҳо ва изофапулии ваъдагӣ ба талаботи худи иштирокчиёни Ҷанги Ҷаҳонӣ ҷавобгу нест. Онҳо дар баробари пардохти пули қувваи барқу газ ва об ҳамакнун соли даҳум аст, ки аз дорувории ройгон бенасиб мондаанд ва дар бемористонҳо барои шифои захмҳои дар Аврупо бардоштаашон пул медиҳанд: "Давлати мо дар бораи нафақахурони ҳамон давра бисёр хунукназарӣ кардгиай. Ҳар руз пули газа те, пули света те, пули оба те. Аз куҷо диҳем намедонем. Ҳол он ки ҳамон пули нафақаро ҳам сари вақт намедиҳанд."

Теъдоди мусафедон-иштирокчиёни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҳамаруза коҳиш меёбад. Ҳамакнун дар Хатлон ҳудуди 3.000 нафар аз собиқ ғолибони Аврупо боқӣ мондаанд, ки ба назар мерасад, ин мардони музаффарро, ки аз зери тири танку тупи фашистон ҷон ба саломат бурдаанд, қарори ахири ҳукумат маънан аз байн бурдааст. Собиқадорон аз амри ахири ҳукумати марказӣ дилмурда шудаанд.

XS
SM
MD
LG