Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ронданд



Тоҳири Сафар



Рузи панҷшанбе, 15 январ маъмурони интизомии Русия боз як гуруҳи муҳоҷирони кории тоҷикро аз ин кишвар ронданд. Гуруҳи чордаҳнафарии муҳоҷиронро кормандони полиси минтақаи Краснодар ҷабран ба автобус савор карда, роҳии вилояти Астрахан намудаанд, то аз ин ҷо онҳоро таввасути қатор ба Душанбе фиристанд.

Хабаргузории "Итар Тасс" аз қавли муовини раҳбари идораи умури дохилаи Краснодар Виктор Остапенко навиштааст, додгоҳ гуруҳи муҳоҷиронро дар нақзи муқаррароти иқомат айбдор дониста, ҳукми хориҷ кардани онҳоро содир кард.

Ин бори дуввум аст, ки аз минтақаи Краснодар муҳоҷирони кории тоҷикро депортатсия мекунанд. Охири соли гузашта низ гуруҳи 153 нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро аз ин минтақа ронда буданд.

XS
SM
MD
LG