Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон



Абдуқайюми Қаюймзод

Сайид Абдуллои Нурӣ мегуяд, муовини уро танҳо ба хотири бадном кардани Ҳизби Наҳзат зиндонӣ карданд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон рузи 14 январ бо пахши як изҳорот, таввасути Додгоҳи Олии кишвар ба 16 соли зиндон маҳкум шудани Шамсиддин Шамсидинов - муовини собиқи раиси ин ҳизбро ихлоле ба раванди сулҳи тоҷикон унвон кардааст. Дар изҳороти ҳизби мазкур, ки аз номи шурои сиёсии он пахш шудааст, ҳукми Додгоҳи Олии кишварро нисбати Шамсиддин Шамсиддинов, хилофи қонун ва туҳмат хондаанд.

Сайид Абдуллои Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон - дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қазияи ба сари муовини пешини у Шамсиддин Шамсиддинов омада, идомаи амали қаблан тарҳрезишудаи бархе аз гуруҳҳое дар шохаҳои гуногуни давлат мебошад, ки мехоҳанд, дар арафаи интихоботҳои қарибулвуқуъ бо чунин усулҳо Ҳизби Наҳзатро дар ҷомеа бадном созанд: "Дар ин авохир баъзе ҳаракатҳое аз тарафи баъзе аз масъулини давлатӣ мушоҳида мешавад, ки онҳо вазъро хароб мекунанд, яъне ба ҳамон сулҳ, ба ҳамон ваҳдат, ба ҳамон боварие, ки мардуми тоҷик ба якдигар доштанд, садама мезананд. Аксарияти онҳо дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқанд ва ин пушида нест. Дар нисбати эшони Шамсиддинхон мо ростӣ аз мақомоти давлатӣ, махсусан аз раиси ҷумҳур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов умедҳои зиёд доштем, барои он ки ин одамро озод мекунанд, чун ба туҳмат гирифтор шудааст. Уро ошкоро туҳмат карданд, ин одам ҳатто дар овони ҷанг низ ҳеҷ гуна руҳияи ҷангу хушунат надошт, эшон як одами фарҳангӣ аст. Ва дар ҳамон вақте ки мардум ҷанг мекарданд, дар ин корҳо иштирок надошт. Чӣ расад, ба ин ки аз ин одам террорист бисозанд. Аслан ин аз ҳақиқат, аз воқеияти инсонгарӣ бисёр дур аст."

Оқои Нурӣ бо изҳори нигаронӣ аз амалкарди масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар афзуд, ки аъзо ва ҷонибдорони собиқи Иттиҳоди нируҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) барои амалҳои содирнамуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва аз ҷумла барои убури марзи кишвар дар замони муқовимат мавриди бозпурсӣ ва таҳти таъқиб қарор мегиранд.

Ба эътиқоди оқои Нурӣ, чунин бархурди масъулини давлатӣ ба асноди имзошудаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар соли 1997, эътимоди роҳбарияти собиқи ИНОТ, ҷонибдорон ва муҳоҷирини иҷбориро ба сулҳу ваҳдат коҳиш хоҳад дод.

Дар изҳороти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар омили асосии наҷоти давлат ва миллат арзёбӣ шуда, вале аз коҳиши таваҷҷуҳи бархе аз роҳбарон нисбати моҳияти ин санад изҳори нигаронӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин изҳорот аз кишварҳои гуруҳи тамос, созмонҳои байналмиллалии миёнарав ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват шудааст, ки дар устувории минбаъдаи сулҳу оштии миллии тоҷикон мусоидат кунанд.

Сайид Абдуллои Нурӣ зимни суҳбат ишора кард, ки куллия аҳзоби мухолифи давлат ба ҳангоми раъйпурсии дар тобистони соли гузашта ҷиҳати воридсозии тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосии кишвар, мухолифати худро пинҳон надоштанд ва ҳатто бархеи онҳо ин раъйпурсиро таҳрим карданд. Аммо Ҳизби Наҳзати Ислом танҳо ба хотири дифоъ аз сулҳ ва идомаи ин раванд, ҷонибдорони худ ва аз ҷумла аъзояшро бо эъзоми Шамсиддин Шамсидинов ба вилояти Суғд мутақоид кард, то дар ин маърака ширкат варзанд. Дар ғайри сурат афзуд оқои Нурӣ, аъзои ин ҳизб дар вилояти Суғд аслан дар ин референдум ширкат намекарданд.

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон боздошт ва маҳкум кардани Шамсиддин Шамсиддинов муовини пешини худро як амали сиёсӣ ва ғаразнок арзёбӣ кард. Вай гуфт: "Аз ҳамон рузи аввале, ки ин одам дастгир карда шуд, аз тарафи мақомоти давлатӣ, аз ҳамон руз медонистам, ки ин оҳанги сиёсӣ дорад. Вале ман намехостам, ки инро ҳамчун як моҷаро эълон кунем, зеро гумон кардам, ки роҳбарони давлат, масъулини давлат ин қазияро дуруст дарк мекунанд ва намегузоранд, ки ин ба як номафҳумӣ, адами тафоҳум байни гуруҳҳо ва тарафҳо бошад. Ва ҳоли ҳозир ошкоро муайян шудаст, ки ин ба ҷуз аз тасмими сиёсӣ, чизи дигаре, нест, чун муборизаҳои сиёсӣ ва даврони интихоботҳо ҳам наздик омадааст. Мақсад асосии онҳое, ки ин гуна рафтор мекунанд ва махсусан се нафари дигареро, ки аъзои ҳизби мо нестанд, вале онҳоро ба тариқи расонаҳо гаштаву баргашта аъзои Ҳизби Наҳзат эълон мекунанд, мақсадашон фақат дарёфт кардани бурди сиёсӣ аст, на чизи дигар."

Ба ақидаи оқои Нурӣ, аз аҳзоби расмии кишвар тарошидани чеҳраи душман ва мухолиф дар баробари ҳукумат амали хилофи мантиқ ва нодуруст мебошад. Оқои Нурӣ муътақид аст, дар ҳоле давлат низоми бисёрҳизбиро расман дар Қонуни Асосиаш таъйид кардааст, раиси ҷумҳурро мебояд, бо намояндагони ин аҳзоб мулоқот кунад. Зеро ба назари оқои Нурӣ, туфайли ҳамин дидору гуфтугуҳои мустақим бо раиси ҷумҳур замина ва шароит ба чунин ҳукмҳо ва тасмимҳои ноодилона боқӣ намемонад.

Дар фароварди суҳбат Сайид Абдуллои Нурӣ гуфт, ки тайи чанд муддати ахир ҳама паёму назариёташро дар иртибот ба вазъи феълии кишвар, тавассути Маҳмадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба президент Раҳмонов мерасонидааст.

Оқои Нурӣ афзуд, ки қазияи ба сари Шамсиддин Шамсиддинов - муовини пешини у омада ва чанд масоили дигари муҳим зарурат ба мулоқоти як ба яки у ва раиси ҷумҳурро дорад.

XS
SM
MD
LG