Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДУШАНБЕВУ МАСКАВ ПАЖУҲИШГОҲ ТАЪСИС МЕДИҲАНД



Тоҳири Сафар



Масъалаи таъсиси маркази байналмилалии таҳқиқотии Помир-Чакалтой 14-уми январ дар шаҳри Душанбе миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад. Бино ба хабари "Итар Тасс", муовини вазири саноат ва улуми Русия Андрей Кулагин бо як ҳайъат ба Душанбе меояд ва тарҳи созишномаи таъсис ва фаъолияти марказро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода - муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон - изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷонибҳо ихтилофоти назар ба сари статуси ин марказро бартараф мекунанд ва созишнома барои имзо омода мешавад.

Маркази таҳқиқотии Помир-Чакалтой бояд дар заминаи пойгоҳи таҷрибавии атомии Академияи улуми собиқ шуравӣ дар Тоҷикистон сохта шавад. Таъсиси марказ ба олимони тоҷику рус имкон медиҳад, таҳқиқоти атомӣ-физикии зарраҳои шуоъҳои кайҳониро, ки сӣ сол пеш оғоз шуда буд, аз сар бигиранд.

XS
SM
MD
LG